Тибқи фармоиши Ректори МТҒ “Донишкадаи тибби-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 15-уми апрели соли 2022, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қарори ҷаласаи Шўрои олимони донишкада аз 30-юми марти соли ҷорӣ таҳти №9/1, њ “Оид ба гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии устодону донишҷўёни донишкада аз 18 то 23 апрели соли 2022, имрўз дар кафедраи “Ҷарроҳии умумӣ” якумин конференсияи илмӣ-амалии омўзгорону донишҷўён дар мавзўи “Масъалаҳои мубрами ҷарроҳии кўдакон: дурнамои рушди технологияи муосири ташхис, табобат ва тавонбахшӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш иштирок доштанд:
Аввал сухани ифтитоҳӣ ба муассиси донишкада, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳ. Ибодов дода шуд ва сипас ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Аламхон Ахмедов суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон:
Пулотов К.Ҷ.- н.и.т., мудири кафедраи ҷарроҳии умумӣ дар мавзӯи “Ҷисмҳои бегонаи роҳҳои ҳозима дар кўдакон: ҷанбаҳои муосири ташхис ва тарзи табобат” (Инородные тела желудочно-кишечного тракта у детей: современные аспекты диагностики и тактика лечения).
Яхшибекова Ш.Ҷ. н.и.т., докторанти кафедраи ҷарроҳии умумӣ, дар мавзӯи “Нақши сироятҳои вирусӣ дар инкишофи нуқсонҳои аноректалии модарзодии кўдакон” (Роль вирусной инфекции в развитии аноректальных пороков у детей).
Мирзоев Д.С. - н.и.т., докторанти кафедраи ҷарроҳии умумӣ дар мавзӯи “Оптимизатсияи муолиҷаи ҷарроҳии бемории Гиршпрунг дар кўдакон” (Оптимизация хирургического лечения болезнь Гиршпрунга у детей) .
Моёнова Ш. – аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумӣ. Применение озонотерапии в комплексном лечении калькулезного пиелонефрита у детей (Истифодабарии озонотерапия дар табобати маҷмўии пиелонефрити сангдор дар кўдакон).
Сулаймонов С.Ч. - унвонҷўи кафедраи ҷарроҳии МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон” дар мавзӯи “Оптимизатсияи ташхис ва табобати деформатсияи қифшакли қафаси сина дар кўдакон” (Оптимизация диагностики и лечения воронкообразной деформации грудной клетки у детей) .
Зарипова Р.Ш. дониҷшўи хатмкунандаи курси 4-уми факултети “Кори момодоягӣ” дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами тибби ҳолатҳои фавқуллода дар замони муосир”.