Кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология
Санаи азнавсозӣ: 16.11.2026
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология, сохтори асосии таълимию илмии ва тарбиявии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳсилотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Кафедра тибқи муқаррароти амалкунанда дар асоси фармоиши ректори донишкада № 04-530 аз 1 октябри соли 2022 таъсис дода шудааст. Тибқи фармоиши мазкур кафедра барномаи таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва иловагӣ амалӣ менамояд.
Дар асоси фармоиши ректори донишкада № 04-538 аз санаи 6 октябри соли 2022 то моҳи апрели соли 2024 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои тиб, профессор Сатторов Саидбег Сатторович дар уҳда дошт. Аз 1 апрели соли 2024 бо фармоиши ректор №04-95 то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.т., Мирзоева Фазила Давлаталиевна пеш мебарад.
Дар кафедра аз рӯйи ду фан тадрис дода мешавад: микробиология, вирусология ва иммунологияи умумӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). Ҳоло аъзои кафедра вазифаҳои серсоҳаро ба ҷо меоваранд, ки ба беҳтар намудани кори таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ нигаронида шудаанд. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ бо роҳи тартиб додани воситаҳои махсуси методӣ ва таълимии ҳамаи фанҳои тадрисшаванда барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо мебошад.
Шароити утоқҳои фаннӣ барои гузаронидани машғулиятхои назариявӣ ва амалӣ қаноатбахш буда, онҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ин ба баланд шудани сифати таълим таъсири калон расонида, машғулиятҳоро босамар мегардонад.
Нақшаи тақвимии машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Стоматология» ва «Фарматсевтӣ» ба се забон тасдиқ карда шуда, саволҳои имтиҳонӣ бо се забон ва тахтаи иттилоотӣ мавҷуд мебошад.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ МИКРОБИОЛОГИЯ, ВИРУСОЛОГИЯ ВА ИММУНОЛОГИЯ
Дар кафедра барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 аз рӯйи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Стоматология» ва «Фарматсевтӣ» аз фанҳои микробиология ва вирусология ва иммунологияи умуми бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) гузаронида мешавад.
Донишҷӯён аз рӯйи низоми кредитӣ-модулӣ таълим гирифта, дар давоми 2 марҳила кафедра ба таври шифоҳӣ 4 санҷиши академӣ, дар сессияҳои тобистона ва зимистона аз фанни таълимии кафедра бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) имтиҳон месупоранд.
Дар кафедра машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз рӯйи стандартҳои таълимӣ бо назардошти технологияҳои нав ва бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва анлисӣ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки тамоми омӯзгорони кафедра маҷмӯи ҷадвалҳо, овезаҳо, тестҳо, супоришҳои мустақилона, дастурамалҳо оид ба гузаронидани дарсҳои амалӣ гирд овардаанд, барои баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳо мусоидат мекунанд.
КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТИИ КАФЕДРАИ МИКРОБИОЛОГИЯ, ВИРУСОЛОГИЯ ВА ИММУНОЛОГИЯ
Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод барои рушди фаъолияти таҳқиқотӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бой гардондани раванди таълим фаъолият дорад.
Натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати омода кардани мутахассисони соҳаи тиб, бедор намудани фаъолияти эҷодӣ дар таҳқиқот ва хулосаҳои илмӣ, бештар омӯхтани фанҳои махсус, бештар ҷалб намудани донишҷӯён ва ба истеҳсолот пайвастани илм, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, инчунин дар роҳи иҷрои вазифаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 (таҳти No1445) «Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» дар назди кафедра маҳфили илмии фаннӣ дар мавзӯи «Растаниҳои шифобахш манбаи пайвастагиҳои зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ» амал мекунад. Дар он ҳайати кафедра иштирок намуда, донишҷӯёни қобилиятнок, ки майли илм доранд, ҷалб карда мешаванд. Омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо дар конференсияҳои илмию амалии олимону донишҷӯёни ҷавони донишкада ва сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар форумҳои умумииттифоқии илмии донишҷӯён ҳамасола иштирок намуда, борҳо бо Ифтихорномаҳою Сипосномаҳо, диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Ҷаласаҳои ҷамъияти илмии донишҷӯён кафедра тибқи нақшаи тасдиқшуда ҳар се моҳ як маротиба баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳо дар шакли презентатсия пешниҳод гардида, усулҳои муносибат ба таҳқиқоти илмӣ баррасӣ карда мешаванд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВИИ КАФЕДРАИ МИКРОБИОЛОГИЯ, ВИРУСОЛОГИЯ ВА ИММУНОЛОГИЯ
Яке аз масъалаҳои муҳими тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ, бахусус, риояи одоби деонтологӣ мебошад. Дар байни кормандони ҷавони кафедра ва донишҷӯён оид ба меъёрҳои ахлоқӣ, одоби сиёсию касбӣ, эҳтироми шогирдон ва дигар масъалаҳои деонтологияи тиббӣ машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Кафедра бо донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишкада аз рӯйи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Стоматология» ва «Фармасевтӣ» корҳои тарбиявӣ мебарад. Нақшаи умумии корҳои тарбиявии кафедра ва нақшаҳои корӣ ҳар як омӯзгор-роҳбар дар ҷаласаи кафедра тасдиқ карда мешавад.
Дар оғози дарсҳои амалӣ ва КМРО ва ҳам соатҳои тарбиявӣ 10-15 дақиқа ба мавзуъҳои муҳаббат ба Ватану миллат, маънои рамзҳои давлатӣ, шиносоӣ бо китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноил шудан ба мақсадҳо ва татбиқи Стратегияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳамзамон аҳли кафедра бо тамоюлҳои зиддиконститусионӣ, мубориза бар зидди коррупсия, ахамияти НОБ-и Роғун ва татбиқи бандҳои Қонуни ҶТ дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври ҷиддӣ муносибат мекунанд.
Ҳар рӯз бо донишҷӯён оид ба рафтори дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби муошират ва муроҷиат ба дигарон, тарзи либоспӯшӣ суҳбатҳо гузаронда мешаванд. Ба шунавандагоне, ки дар машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ иштирок мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Агар донишҷӯ бо сабабҳои узрнок ба дарс ҳозир нашуда бошад, он бояд фавран сабақгардонӣ намояд. Дар чорабиниҳои оммавии донишкада ва кафедра фаъолона иштирок намояд.
ҶОЙГИРШАВИИ КАФЕДРАИ МИКРОБИОЛОГИЯ, ВИРУСОЛОГИЯ ВА ИММУНОЛОГИЯ (СУРОҒА, ТЕЛЕФОН)
Кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология, дар ошёнаи 6-уми бинои асосии таълимии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҷойгир буда, дар он 6 синфхонаи таълимӣ, бо масоҳати умумии 215 м2, ки онҳо бо таҷҳизоти аёнӣ ва тахтаи электронӣ ва проектор таъминанд.
Суроғаи донишкада: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Клара Сеткин 2, Тел: (+992) 907 86 86 30, Е-mail: 11zarrr@mail.ru
Кормандони кафедра
Мирзоева Фазила
Вазифа: мудири кафедра
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос: вогиршинос, беҳдошт, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
Тел: +992 888 66 64 22 E-mail: fazilamirzoeva36@gmail.com
Сатторов Саидбек
Вазифа: профессори кафедра
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвони илмӣ: профессор
Ихтисос: беҳдошт, вогиршинос
Тел: +992 98 784 24 24 E-mail: satorov1955@gmail.com
Назармамадова Соҳибҷамол
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: биолог
Тел: +992 93 587 87 82 E-mail: snazarmamadova71@mail.ru
Мавлоназарова Сулҳия
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: фарматсевт
Тел: +992 559 99 31 88 E-mail: smavlon88@mail.ru
Туразода Парвиз
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: вогиршинос, беҳдошт, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
Тел: +992 909176062 E-mail: turazoda-parviz@mail.ru
Ҷобирова Бахтинисо
Вазифа: и.в. ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: фарматсевт
Тел: +992 005 11 35 71 E-mail: bdzhobirova92@mail.ru
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра