Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


Таърихи навсозӣ: 02.11.2026

Директори марказ

Каримов СС

Каримов Сайфиддин Сайтодҷонович

Вазифа: Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ

Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои тиб

Ихтисос: Беҳдошт, санитария ва эпидемиология

Тел.: +992 918613215

Почтаи электронӣ: saif64@mail.ru

 

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ воҳиди сохтории Муассиса буда, таҳсили мутахассисони соҳаи тиб ва дорусозиро пас аз гирифтани таҳсилоти олӣ ташкил мекунад. Марказ омодасозиро дар интернатура ва ординатураи клиникӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ба роҳ мемонад.

Таърихи Марказ

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ соли 2026 таъсис дода шудааст. Фаъолияти он дар асоси иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, розигии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши муассиси Муассиса амалӣ мегардад.

Марказ воҳиди сохтории Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон” мебошад. Он ба муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ итоат мекунад ва роҳбарии фаъолияти ҷориро директори Марказ ба уҳда дорад.

Мақсад ва вазифаҳо

Мақсади асосии Марказ ташкил ва таъминоти методии таҳсилоти баъдидипломӣ, инчунин баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва малакаҳои амалии мутахассисон мебошад.

Марказ:

- табибонро дар интернатура ва ординатураи клиникӣ омода мекунад;

- такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва тахассусгирии мутахассисони соҳаи тиб ва дорусозиро ташкил менамояд;

- барномаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методиро таҳия мекунад;

- аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагони интернатура ва ординатураи клиникӣ, инчунин аттестатсияи шунавандагони курсҳоро мегузаронад;

- таълими амалӣ ташкил намуда, ба ҷорӣ кардани технологияҳои муосири таълимӣ мусоидат мекунад;

- такмили ихтисоси омӯзгорони донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таълимии тиббиро мегузаронад;

- бо ташкилотҳои тиббӣ ва дорусозӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Фаъолияти таълимӣ

Марказ аз рӯйи барномаҳо ва ихтисосҳои тасдиқшуда, мутобиқи талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълим мегузаронад.

Самтҳо ва намудҳои асосии таълим:

- интернатура — 11 моҳ;

- ординатураи клиникӣ — 2 сол;

- такмили ихтисоси умумӣ ва мавзӯӣ;

- бозомӯзии касбӣ ва тахассусгирӣ;

- курсҳо ва семинарҳои кӯтоҳмуддат;

- таҷрибаомӯзии курсӣ.

Таълим метавонад ба таври ҳузурӣ бо ҷудо шудан аз кор, дар шакли сафарбарӣ бе ҷудо шудан аз кор ё ба таври инфиродӣ аз рӯйи барномаи махсус гузаронида шавад. Раванди таълим лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ, семинарҳо, конференсияҳо, кори мустақилона ва таҷрибаомӯзиро дар клиникаҳо дар бар мегирад.

Соли таҳсил дар донишкада аз 1 сентябр то 30 июн давом мекунад. Номгӯи ихтисосҳо ва мазмуни барномаҳо бо нақшаҳои таълимии тасдиқшуда муайян карда мешаванд.

Шунавандагони Марказ

Ба барномаҳои Марказ мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ ё дорусозӣ, ки мехоҳанд ихтисоси худро такмил диҳанд, бозомӯзии касбӣ гиранд ё соҳиби тахассус шаванд, қабул карда мешаванд.

Мутахассисоне, ки зиёда аз се сол аз рӯйи ихтисоси худ кор накардаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омодагии амалӣ гузашта, тахассуси худро тасдиқ намоянд.

Қабул бо фармоиши ректор дар асоси ариза ё роҳхати ташкилот ба расмият дароварда мешавад. Барои таҳсил дар шакли шартномавӣ шартнома баста мешавад.

Аттестатсия ва ҳуҷҷатҳои таҳсил

Пас аз анҷоми барнома шунавандагон аз аттестатсия ё имтиҳонҳо мегузаранд. Вобаста ба намуд ва ҳаҷми таҳсил ба хатмкунандагон метавонанд ҳуҷҷатҳои зерин дода шаванд:

- шаҳодатнома дар бораи такмили ихтисос;

- гувоҳнома дар бораи такмили ихтисос;

- диплом дар бораи бозомӯзии касбӣ ё тахассусгирӣ;

- сертификати мутахассис — тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шароити таҳсил

Муассиса шунавандагон, ординаторони клиникӣ ва интернҳоро бо маводи таълимӣ ва шароити таҳсил таъмин мекунад. Онҳо метавонанд бо тартиби муқарраргардида аз китобхона, фондҳои иттилоотӣ, инчунин аз воҳидҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии донишкада истифода баранд.

Ҷойгиршавии марказ (суроға, телефон)

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ дар ошёнаи якуми Маркази клиникию таълимии илмии МҒТ “Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон” ҷойгир аст.

Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Ғаффор Мирзо, 2, тел.: +992 918613215, почтаи электронӣ: saif64@mail.ru

ҲАЙАТИ МАРКАЗ

Каримов СС

Каримов Сайфиддин Сайтодҷонович

Вазифа: Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ

Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои тиб

Ихтисос: Беҳдошт, санитария ва эпидемиология

Тел.: +992 918613215

Почтаи электронӣ: saif64@mail.ru

СолиевСХ

Солиев Соҳиб Ҳасанович - мутахассиси Маркази таҳсилоти баъдидипломии МҒТ “Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон”.

Ихтисос: Ҳуқуқшиносӣ, таҳсилоти олӣ

Тел.: +992 755-81-81-13

Почтаи электронӣ: yuris_2000@mail.ru