Institute`s Symbol

Рамзи Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон» логотипи шакли даврашакл буда, заминаи он сафед аст. Ранги сафед рамзи покӣ, самимият ва ояндаи дурахшон мебошад.

Дар маркази логотип унсурҳои зерин ҷойгир шудаанд: дар қисми болоӣ ҳарфҳои аввали номи Муассиса ҷой гирифтаанд. Дар зери онҳо тасвири ҷом бо мори печида дар атрофи он ҷойгир шудааст, ки рамзи тиб, ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии инсон ва фаъолияти фарматсевтӣ мебошад.

Дар қисми поёнии логотип китоби кушода тасвир ёфтааст, ки рамзи дониш, таълим ва саъю кӯшиш барои рушди пайваста ва такмили маърифат мебошад. Шохаҳои лавр, ки унсурҳои марказии рамзро иҳота мекунанд, пирӯзӣ, дастовардҳо ва муваффақиятро ифода менамоянд.

Рамзи донишкада рисолати онро дар соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инъикос намуда, садоқат ба арзишҳои инсонпарварӣ, рушди илму дониш, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбро таҷассум менамояд.