Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
|
Мудири кафедра Духтур-стоматолог ТАМОС Gmail: gulnozhoshimovna@gmail.com Телефон: +992 918 434 377 |
МАЪЛУМОТНОМА Маълумоти касбӣ ва фаъолияти меҳнатӣ Вазифа и.в. мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон». Ихтисос Духтур-стоматолог. Таҳсил ва таҷрибаи корӣ Интернатура дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2021–2022). Духтур-стоматолог дар ҶДММ «Хоҷиён-1» (2015–2018). Ассистенти кафедраи стоматология дар МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» (2018–2021). Фаъолияти роҳбарикунанда Аз соли 2022 то 2025 — мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ. Аз моҳи июни соли 2025 ҳамчун декани факултети стоматология фаъолият менамояд. Собиқаи корӣ Таҷрибаи духтурӣ — 12 сол; омӯзгорӣ — 10 сол. Ҷоиза ва дараҷа Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Духтури дараҷаи якум. |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ яке аз воҳидҳои асосии сохтории Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» буда, дар асоси ректори донишкада №04-28 аз 27 январи соли 2022 таъсис дода шудааст. Кафедра аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун пойгоҳи таълимию илмӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи стоматологияи муолиҷавӣ рушд ёфта истодааст. Бо фармони роҳбарияти донишкада мудири кафедра таъин гардида, роҳбарии онро Қурбонова Г.Ҳ. ба уҳда дорад. Мудири кафедра фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявии кафедраро роҳбарӣ намуда, барои таъмини сифати раванди таълим ва рушди фаъолияти илмӣ масъулияти баландро ба зимма гирифтааст. Зери роҳбарии мудири кафедра ба тайёр намудани донишҷӯён дар самти фаъолияти илмӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб гардида, дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд.
ҶОЙГИРШАВӢ ВА ЗАМИНАҲОИ КЛИНИКӢ
Кафедра дар ошёнаи 2-юми «Маркази клиникӣ, илмӣ ва таълимӣ»-и назди донишкада ҷойгир буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таълимӣ таъмин мебошад.
Заминаҳои клиникии кафедра:
• Маркази клиникӣ, илмӣ ва таълимии назди МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»;
• Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй.
Ин заминаҳо имконият медиҳанд, ки донишҷӯён малакаҳои амалӣ ва клиникии худро дар шароити воқеии тиббӣ такмил диҳанд.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ
Фаъолияти кафедра дар самтҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
• таълимию методӣ;
• илмию тадқиқотӣ;
• тарбиявӣ;
• робитаҳои байналмилалӣ.
Ҳамаи фаъолиятҳо дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии ихтисоси «Стоматология» амалӣ карда мешаванд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ
Дар кафедра фаъолияти таълимию методӣ бо натиҷаҳои зерин таъмин гардидааст:
• таҳия ва татбиқи 8 дастури таълимӣ-методӣ;
• коркарди силлабусҳо аз рӯи ҳамаи фанҳо барои ҳамаи курсҳо;
• омода намудани 2 курси лексионӣ (барои курси 2 ва курси 4);
• истифодаи технологияҳои муосири таълим (презентатсия, тахтаи электронӣ, усулҳои интерактивӣ);
• фаъолияти ҳуҷраи фантомӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон барои рушди малакаҳои амалӣ.
Дарсҳо бо истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир гузаронида шуда, ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамоянд.
Сифати таълим — 46,6%; пешрафт — 92,8%; давомот — 98,2%.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТӢ
Дар самти фаъолияти илмӣ дар солҳои 2022–2026 натиҷаҳои зерин ба даст оварда шудаанд:
• нашри 4 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ВАК;
• зиёда аз 43 фишурда (тезис) дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
• нашри 4 мақолаи илмӣ аз ҷониби мудири кафедр;
Кафедра иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмиро таъмин намуда, рушди илмии донишҷӯён ва омӯзгоронро дастгирӣ менамояд.
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ВА ДАСТОВАРДҲО
Донишҷӯёни кафедра дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, дар 78-умин олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Самарқанд:
• 2 нафар донишҷӯ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд;
• 1 нафар донишҷӯ сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Инчунин донишҷӯён зери роҳбарии мудири кафедра дар олимпиадаи байналмиллалии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовори 2-ҷойи аввал, 2-ҷойи дуюм ва 3-ҷойи 3-юм гардиданд.
Ин нишондиҳандаҳо сатҳи баланди омодагии донишҷӯёнро тасдиқ менамоянд.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Табассуми зебо» фаъолият менамояд:
• шумораи аъзоён — 21 нафар (донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон);
• самт — рушди донишҳои илмӣ, иштирок дар конференсияҳо ва олимпиадаҳо;
• дастаи олимпиадии «Табассуми зебо» низ иштироки фаъолона нишон медиҳад.
ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
Ҳайати кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ аз 21 нафар иборат буда, аз онҳо 12 нафар омӯзгорони асосӣ ва 9 нафар ҳамкорон мебошанд. Ҳиссаи омӯзгорони асосӣ 57,1%-ро ташкил дода, ҳиссаи ҳамкорон 42,9%-ро дар бар мегирад. Ҳайати омӯзгорон аз мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос иборат буда, фаъолияти онҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир равона гардидааст.
ФАЪОЛИЯТИ ТАБОБАТӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ КЛИНИКӢ
Кафедраи «Стоматологияи муолиҷавӣ» дар заминаҳои клиникии худ хизматрасонии баландсифати стоматологиро ба аҳолӣ пешниҳод намуда, фаъолияти худро ба ташхиси дақиқ, табобати самаранок ва баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии беморон равона намудааст. Хизматрасониҳои стоматологӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафтаи тиббӣ амалӣ гардида, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудаанд. Дар кафедра тамоми намудҳои ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ ба таври маҷмӯӣ ва комплексӣ гузаронида мешаванд.
САМТҲОИ АСОСИИ ХИЗМАТРАСОНӢ
Стоматологияи муолиҷавӣ:
• ташхис ва табобати кариес ва мушкилоти он (пулпит, периодонтит);
• эндодонтия бо истифода аз усулҳои муосир;
• табобати бемориҳои луобпардаи даҳон;
• барқарорсозии эстетикӣ ва функсионалии дандонҳо.
Стоматологияи ортопедӣ:
• протезгузории муосир (сохт ва насби конструксияҳои ортопедӣ);
• барқарорсозии нуқсонҳои қатори дандон;
• барқарорсозии функсияи хоидан ва эстетикаи табассум.
Ҷарроҳии ҷоғу рӯй:
• ҷарроҳии стоматологӣ ва кандани дандонҳо;
• табобати бемориҳои илтиҳобӣ ва сироятии минтақаи ҷоғу рӯй;
• расонидани ёрии таъҷилӣ ва фаврии стоматологӣ.
БАРТАРИҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ
- истифодаи технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта;
• муносибати инфиродӣ ба ҳар як бемор;
• ҷалби мутахассисони баландихтисос ва омӯзгорони соҳибтаҷриба;
• имконияти гирифтани хизматрасонии комплексӣ дар як ҷо;
• сатҳи баланди бехатарӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ;
• хизматрасонӣ бо сифати баланд ва арзиши дастрас.
КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ МУОЛИҶАВӢ
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
