Кафедраи cтоматологияи ортопедӣ
Таърихи азнавсозии маълумот: 26.10.2026
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи стоматологияи ортопедӣ яке аз воҳидҳои асосии сохтории муассисаи таълимии ғайридавлатии (МТҒ) «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» буда, дар асоси фармони ректори донишкада №04-28 аз 27 январи соли 2022 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ кафедра ҳамчун пойгоҳи таълимӣ ва илмӣ барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи стоматологияи ортопедӣ рушд менамояд.Аз соли 2024 то инҷониб, н.и.т. Почоҷонова Лутфия Набиҷановна ба ҳайси мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ, аз ҷумла роҳбарии умумии фаъолияти кафедраро ба танзим медарорад. Мудири кафедра фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявиро ҳамоҳанг намуда, инчунин барои таъмини сифати раванди таълим ва рушди фаъолияти илмӣ масъулияти баланд дорад. Зери роҳбарии мудири кафедра ба омода намудани донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ диққати махсус дода мешавад. Донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона ҷалб гардида, дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Ҷойгиршавӣ ва базаҳои клиникӣ
Кафедра дар ошёнаи 2-юми маркази клиникӣ ва илмӣ-таълимии назди донишкада ҷойгир буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таълимӣ таъмин гардидааст. Зерсохторҳои клиникии кафедра инҳоянд: маркази клиникӣ-илмӣ-таълимӣ МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»; Пажуҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй. Ин зерсохторҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки малакаҳои амалӣ ва клиникии худро дар шароити амалии тиббӣ такмил диҳанд.
Самтҳои асосии фаъолият
Фаъолияти кафедра аз рӯи самтҳои зерин амалӣ карда мешавад: фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ. Ҳамаи намудҳои фаъолият мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисоси «Стоматология» амалӣ мегарданд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Фаъолияти таълимӣ-методии кафедра бо натиҷаҳои зерин тавсиф меёбад: таҳия ва ҷорӣ намудани дастури таълимӣ-методӣ; омода ва тасдиқ намудани силлабусҳо аз рӯи фанҳои масолеҳшиносӣ ва стоматологияи ортопедӣ барои ҳамаи курсҳо; таҳияи 4 курси лексионӣ (барои курсҳои 2,3, 4 ва 5), истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ (презентатсияҳои мултимедиявӣ, тахтаҳои электронӣ, усулҳои интерактивии таълим), фаъолияти кабинети фантомӣ, ки бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба ташаккули малакаҳои амалӣ мусоидат мекунад. Дарсҳо бо истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир гузаронида мешаванд, ки ба баланд бардоштани сифати раванди таълим мусоидат менамояд.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди иқтидори илмӣ,фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар самти илм ва инноватсия фоъолият мебарад.
Дар ин давра аз тарафи омӯзгорони кафедра 2 мақолаи илмӣ ,15фишурда 2мақола, 3 дастури таълимӣ таҳия гардидаанд. Ҳамчунин донишҷӯён ҳамасола таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра бо мақолаҳои худ дар конфронсҳои донишкадавӣ ва берун аз он баромад менамоянд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Ортопедия - санъати барқарорсозӣ» фаъолият мекунад. Шумораи умумии иштирокчиён 13 нафарро ташкил медиҳад (донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон). Самтҳои асосии фаъолияти маҳфил рушди тафаккури илмӣ, иштирок дар конференсияҳо мебошанд.
Ҳамасола 9 –уми феврал дар маркази клиникии илмии назди донишкада кафедраи стоматологияи ортопедӣ бахшида ба рузи стоматологон конфренсияи илмӣ-амалӣ бо ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор менамоянд.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти кафедра ба шумор рафта, ба баланд бардоштани маърифату фарҳанги донишҷӯён,тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона гардидаанд.
Фаъолияти тарбиявии кафедра дар асоси нақшаи кории таҳиягардида ва тибқи нақшаи тасдиқнамудаи муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои тиб Н.А. Аминова, ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина, омӯзгорони кафедра бо истифода аз шаклу усулҳои гуногуни корӣ, аз ҷумла баргузории соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои амалӣ, суҳбату вохуриҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ, дар самти баланд бардоштани сатҳи дониш, фарҳанги муошират ва ҷаҳонбинии донишҷӯён фаъолияти мунтазамро ба роҳ мондаанд. Омӯзгорони кафедра мунтазам бо донишҷӯён оид ба риояи интизоми таълимӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии кафедра ва донишкада, муносибати эҳтиромона бо омӯзгорону ҳамкасбон ва иҷрои уҳдадориҳои донишҷӯӣ суҳбатҳои тарбиявӣ мегузаронанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии кафедра, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қорор дода мешаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарбия ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ва оила, инчунин ташаккули муносибати бошуурона ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар мебошад.
ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи стоматологияи ортопедӣ аз 12 нафар иборат буда, аз онҳо 5 нафар омӯзгорони асосӣ ва 7 нафар ҳамкор мебошанд. Ҳайати кафедра аз мутахассисони баландихтисос ва таҷрибадор иборат буда, фаъолияти онҳо ба баланд бардоштани сифати раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир равона шудааст.
ФАЪОЛИЯТИ ТАБОБАТӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ КЛИНИКӢ
Кафедраи стоматологияи ортопедӣ дар зерсохторҳои клиникии худ ба аҳолӣ ёрии баландихтисоси стоматологӣ мерасонад ва фаъолияти худро ба ташхиси дақиқ, табобати самаранок ва баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии беморон равона мекунад.
Хизматрасониҳои стоматологӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафтаи тиббӣ пешниҳод гардида, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар кафедра маҷмӯи пурраи чорабиниҳои ташхисӣ ва табобатӣ барои бемориҳои стоматологӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла протезкунии муосир (тайёр ва насби конструксияҳо),барқарорсозии нуқсонҳои қатори дандонҳо,
барқарорсозии функсияи хоиш ва зебоии табассум.
Тамос: Кафедраи «Стоматологияи ортопедӣ»-и, воқеъ дар “Маркази клиникӣ илмӣ-амалӣ” назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ш.Душанбе, к.Клара Сеткина 2
О
Вазифа: мудири кафедраи «Стоматологияи ортопедӣ»
Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос: Ҷароҳи ҷоғу руй, ҷарроҳ стоматолог, стоматолог
Teл:+992 934292929 E-mail:
Иззатуллоева Ниҳол Умедовна
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур-стоматолог
Teл:+992 985822229 E-mail:
Расулов Маҳмадшариф
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:духтур-стоматолог
Teл:+992 931 00 3772 E-mail:
Маҳмудова Фарангис
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур-стоматолог
Teл:+992 908822126 E-mail:
Амонзода Эҷод
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур стоматолог
Teл:+992 931414180 E-mail:
Маҳмадҷонов Сулаймон Саидбурҳон
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур-стоматолог
Teл:+992 550014142 E-mail:
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра