Кафедраи психологияи тиббӣ
Санаи таҳрир: 26 октябри соли 2026
Маълумоти умумӣ дар бораи кафедра
Роҳбарияти кафедра
![]() |
Миршакарова Бибисоро Султонсаидовна И. о. заведующей кафедрой Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Acting Head of Department |
|
Номи кафедра |
Кафедраи психологияи тиббӣ |
|
Сохтори муассиса: |
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон |
|
Ҷойгиршавӣ: |
Бинои якум, ошёнаи дуюм, ҳуҷраи 206 |
|
Телефон: |
+992 935 880 299 |
|
Почтаи электронӣ: |
soroisultonsaid@mail.ru |
|
Суроға: |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи К. Сеткина, 2 |
|
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра: |
Миршакарова Бибисоро Султонсаидовна — аз 26 августи соли 2026 |
|
Мудири кафедра дар солҳои 2024–2026 |
Наимов Зариф Ҷомиевич — аз 2 феврали соли 2024 то 26 августи соли 2026 |
|
Мудири кафедра дар солҳои 2021–2024
|
Қурбонова Саида — аз 26 августи соли 2021 то 2 феврали соли 2024 |
Таърихи кафедра
Кафедраи психологияи тиббӣ воҳиди сохтории таълимию методии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кафедра ба рушди таҳсилоти равоншиносӣ, такмили таълими фанҳои психологӣ ва ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён равона шудааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, кафедра бо фармони муассис аз 3 августи соли 2020, № 04-1 таъсис дода шудааст. Дар солҳои минбаъда фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявии кафедра инкишоф ёфт.
Соли 2022 маҳфили илмии донишҷӯён «Набзи равоншинос» таъсис дода шуд. Ҳадафи маҳфил рушди малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ мебошад.
Дар солҳои 2023–2025 ба таҳияи барномаҳои кории таълимӣ, силлабусҳо, маводи таълимию методӣ ва ташкили машғулиятҳои амалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, аз моҳи сентябри соли 2025 кафедра ҳамчун воҳиди мустақили сохторӣ фаъолият мекунад.
Аз 28 августи соли 2026 фанҳои «Равоншиносии клиникӣ», «Нейропсихология» ва «Равоншиносии перинаталӣ» ба кафедра вогузор карда шудаанд. Айни замон кафедра фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии худро инкишоф дода, ба ҳамгироии донишҳои психологӣ бо амалияи тиббӣ, саломатии равонӣ ва робитаи омилҳои психологию соматикӣ таваҷҷуҳ менамояд.
Самтҳои фаъолияти кафедра
- таълим ва рушди салоҳиятҳои касбии донишҷӯён дар соҳаи равоншиносии тиббӣ ва клиникӣ;
- такмили барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо ва маводи таълимию методӣ;
- омӯзиши робитаи омилҳои психологӣ бо саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ;
- ташхис, пешгирӣ ва дастгирии психологӣ;
- гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ;
- рушди ҳамкории байнифаннӣ дар соҳаи равоншиносӣ, тиб ва саломатии ҷомеа.
Сохтори фанҳои таълимии кафедра дар солҳои 2022-2024:
- Блоки илмҳои бунёдии равоншиносӣ:
- Равоншиносии умумӣ ва иҷтимоӣ
- Таърихи равоншиносӣ
- Равоншиносии шахсият
- Равоншиносии дифференсиалӣ (фарқиятҳои фардӣ)
- Равоншиносии таҷрибавӣ
- Равоншиносии функсионалӣ
- Блоки равоншиносии клиникӣ ва тиббӣ:
- Равоншиносии тиббӣ
- Асабшиносӣ
- Психосоматика
- Психодиагностика
- Машварати психологӣ
- Блоки пешгирии мушкилоти равонӣ ва фанҳои тахассусӣ :
- Пешгирии мушкилоти равонӣ дар тиб
- Равоншиносии солимӣ
- Сомнология ва тибби хоб
- Ихтилолҳои инкишофи равонӣ дар синни кӯдакӣ
- Равоншиносии перинаталӣ
- Равоншиносии оила (психологияи оила)
Фанҳое, ки барои соли таҳсили 2026–2027 ба нақша гирифта шуданд:
19.Равоншиносии клиникӣ
20.Равоншиносии вазъиятҳои экстремалӣ
- Равоншиносии синнусолӣ
- Равоншиносии таҷрибавӣ
- Ёрии таъҷилии равонӣ
- Усулҳои омор ва коркарди математикии маълумоти психологӣ
- Ташхиси судӣ-психологӣ
- Равоншиносии перинаталӣ
- Нейропсихология
Таълими фанҳо ба ташаккули донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, фаҳмиши робитаи омилҳои психологӣ бо вазъи саломатӣ ва азхуд намудани усулҳои ташхису машварати психологӣ равона карда шудааст.
Ҳайати омӯзгорони кафедра дар соли 2026 -2027:
Ҳайати кафедра дар татбиқи барномаҳои таълимӣ, таҳияи маводи таълимию методӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок менамояд.
![]() |
Миршакарова Бибисоро Султонсаидовна И. о. заведующей кафедрой Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра Acting Head of Department |
ПРОФЕССИОНАЛЬНЫЙ ПРОФИЛЬ / ПРОФЕССИОНАЛӢ / PROFESSIONAL PROFILE
|
РУССКИЙ |
ТОҶИКӢ |
ENGLISH |
|
|
Квалификация / степень |
Тахассус / дараҷа |
Qualification / degree |
|
|
Образование |
Таҳсилот |
Education |
|
|
Преподаваемые дисциплины |
Фанҳои таълимӣ |
Teaching subjects |
|
|
Профессиональные интересы |
Самтҳои касбӣ |
Professional interests |
|
|
ТЕЛЕФОН / PHONE |
E-MAIL
|
||
![]() |
Наимов Зариф Ҷомиевич Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: 782617171 E-MAIL:zarif-naim@mail.ru |
![]() |
Латифзода Сомон Зариф Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: +992 88 000 83 84 |
![]() |
Одиназода Лайло Саидмурод Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: +992 908 88 68 99 E-MAIL: layloodinazoda04@gmail.com |
![]() |
Раджабова Манижа Хуршедовна Преподаватель психологии и психотерапии Омӯзгори равоншиносӣ ва психотерапия Psychology and Psychotherapy Lecturer ТЕЛЕФОН / PHONE: 907333775 E-MAIL: rajabova09@icloud.com
|
![]() |
Магкоев Владимир Асланбекович Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: +992 985 560 421 E-MAIL: v.magkoev@gmail.com |
![]() |
Азиззода Олиҳа Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: 98808136 E-MAIL: Azizzodaoliha@gmail.com |
![]() |
Идигуль Шанбиева Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: +992 935 834 815 E-MAIL: Shanbieva1995@gmail.com |
![]() |
Расулова Зайнура Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: 0599112 E-MAIL: zayarasulova15@gmail.com
|
![]() |
Ёрахмадов Алихмад Сангихмадович Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE: +992 909 195 939 E-MAIL: aliahmaderahmadov@gmail.com |
![]() |
Шакарова Лола Улфатшоевна Преподаватель кафедры (начало работы запланировано на второй семестр) Омӯзгори кафедра (оғози фаъолият дар семестри дуюм ба нақша гирифта шудааст) Department Lecturer (teaching is scheduled to begin in the second semester) ТЕЛЕФОН / PHONE: +992 501 917 770 E-MAIL:lola.shakarova@inbox.ru |
![]() |
Ҳамдамова Адиба Преподаватель кафедры (начало работы запланировано на второй семестр) Омӯзгори кафедра (оғози фаъолият дар семестри дуюм ба нақша гирифта шудааст) Department Lecturer (teaching is scheduled to begin in the second semester) ТЕЛЕФОН / PHONE-+992 200 135 202 E-MAIL-adibahamdamova47@gmail.com
|
![]() |
Фахриддинова Муянсара Студентка 6-го курса, привлекаемая к преподавательской деятельности Донишҷӯи курси 6, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб карда мешавад Sixth-year student engaged in teaching activities ТЕЛЕФОН / PHONE E-MAIL
|
![]() |
Замонзода Курбонбиби Джафар Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE +992 935 883 812 E-MAIL bobozodabanoz@gmail.com
|
![]() |
Назарова Шабнам Ассистент кафедры Ассистенти кафедра Department Assistant ТЕЛЕФОН / PHONE 552830080 E-MAIL- nazarova@inbox.ru
|
Натиҷаҳои солҳои 2022–2024
Дар ин давра барномаҳои корӣ ва силлабусҳо аз фанҳои таълимии кафедра таҳия карда шуданд. Маҷмуаҳои таълимию методӣ аз фанҳои «Тибби хоб ва хоббинӣ», «Машварати психологӣ» ва «Таърихи психология», инчунин дастури «Психологияи синнусолӣ ва дифференсиалӣ» омода гардиданд. Барои машғулиятҳои амалӣ тестҳо ва бозиҳои психологӣ таҳия шуданд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон дар солҳои 2024-2025 :
Корҳои илмӣ ва иштирок дар чорабиниҳо
Саттарова Е. В. — «Повышение качества усвоения материала студентами с помощью технологий развития критического мышления»; маводи конференсияи 5-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ, соли 2025.
Раҷабова М. Х. — «Таҳқиқи муносибатҳои мутобиқати психологии ҳамсарони ҷавон ва қаноатмандӣ аз никоҳ»; дар маълумоти пешниҳодшуда гирифтани дипломи дараҷаи аввал дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин омӯзгор» зикр шудааст, соли 2025.
Фахриддинова М., Ёрматов С. ва Кимсанова М. — иштирок дар озмуни «Ифтихори Миллат» дар шаҳри Тошканд; тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҷойи аввал, медал ва сертификат гирифтаанд.
Фахриддинова М. ва Усмонова И. — иштирок дар озмуни байналмилалии «Донишҷӯи беҳтарини сол»; тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дипломи дараҷаи аввал гирифтаанд.
Одиназода Л. С. — «Афсурдагӣ ҳамчун мушкилоти пинҳонии ҷомеаи муосир: таҳлили равоншиносӣ»; маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии соли 2026.
Муминов О. Ҷ. — «Механизмҳои ҳимоявӣ ва стратегияҳои бартарафсозии стресс»; маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии соли 2026.
Наимов З. Ҷ. — «Масъалаҳои тайёр кардани кормандони илмӣ-педагогӣ дар Тоҷикистон»; маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, соли 2025.
Муминов О. Ҷ. — «Стресс ва соматизатсия»; маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, соли 2025.
Одиназода Л. С. — «Таъсири афсурдагии эмотсионалӣ ба системаи муносибатҳои оилавӣ» ва «Афсурдагии эмотсионалӣ дар занони коргар»; маводи чорабиниҳои илмии соли 2025.
Барои сабти библиографии пурра номи нашрия ё конференсия, саҳифаҳо, DOI ё пайванди электронӣ (агар мавҷуд бошад) ва маълумоти тасдиқкунандаи ҷоизаҳо бояд аз ҳуҷҷатҳои аслӣ пур карда шаванд.
Фаъолияти илмии донишҷӯён
Кафедра ба рушди малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён, ташаккули тафаккури илмӣ ва ҷалби онҳо ба омӯзиши масъалаҳои мубрами равоншиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Мавзӯъҳои корҳои илмии донишҷӯён
«Орзупардозии дезадаптивӣ ва таъсири он ба тамаркуз ва иҷтимоишавии ҷавонон» — Усмонова И. А.;
«Равишҳои муосири психотерапия дар табобати ихтилолҳои психосоматикӣ» — Фахриддинова М.;
«Афсурдагӣ ҳамчун мушкилоти пинҳонии ҷомеаи муосир: таҳлили равоншиносӣ» — Одиназода Л. С.;
«Механизмҳои ҳимоявӣ ва стратегияҳои бартарафсозии стресс» — Муминов О. Ҷ.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳо ва маҳфилҳои илмӣ иштирок намудаанд. Ду донишҷӯ 30 октябри соли 2025 дар маҳфили илмии муштараки Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Таъсири прокрастинатсия ба ҷавонон» ва «Хомӯшии эҳсосот» баромад кардаанд. Моҳи марти соли 2026 мавзӯъҳои «Психосоматика ва бемориҳои ба он алоқаманд» ва «Нейробиология» баррасӣ шудаанд.
Маҳфили илмии донишҷӯён «Набзи равоншинос»
Маҳфили илмии донишҷӯён «Набзи равоншинос» дар асоси фармони ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2022, № 04-516 таъсис дода шудааст.
Мувофиқи маълумоти нашрияи қаблии кафедра, дар доираи фаъолияти маҳфил конференсияҳои донишҷӯён, викторинаҳо ва мизҳои мудаввар баргузор мешуданд. Мавзӯъҳои баррасишуда таъсири интернет ба хусусиятҳои психологии наврасон, офиятбахшии психологӣ, ёрии психологӣ ба осебдидагон ва механизмҳои муҳофизатии психологиро дар бар мегирифтанд.
Нақшаҳои солҳои 2026–2027
Мувофиқи нақшаи кории кафедраи «Психологияи тиббӣ»барои солҳои 2026-2027, ки дар моҳи августи соли 2026 а тарафи декани факултети психологии МТҒ тасдиқ шудааст ва протоколи ҷаласаи кафедра № 1 аз 26 августи соли 2026 силлабусҳо аз рӯйи чордаҳ фан тасдиқ шудаанд:
- Психологияи клиникӣ
- Педагогика ва психология
- Психоогияи синну солӣ
- Психологияи шахсият
- Психологияи экспременталӣ
- Психоогияи иҷтимоӣ
- Ҳамрокунии психологӣ
- Таърихи психология
- Психологияи ҳуқуқӣ
- Психологияи шахсият
- Психологияи перинаталӣ
- Психологияи вазъ ва золати экстремалӣ
- Ташхиси суди психологӣ
- Усулҳои омор ва коркарди математикӣ тафтиш ва аз санҷиш гузаронда шуда, тасдиқ гардиданд.
Дар моҳи августи соли 2026 ҳуҷҷатҳои таълимию методии кафедра бозбинӣ карда шуданд. Силлабусҳо такмил дода шуда, маводи лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ, тестҳо, масъалаҳои вазъиятӣ ва маводи кори мустақилонаи донишҷӯён омода гардиданд.
Самтҳои афзалиятноки соли таҳсили 2026–2027
Навсозии минбаъдаи барномаҳои таълимӣ, таҳияи маводи амалиягаро, такмили усулҳои арзёбии дониш ва малакаҳои донишҷӯён ва рушди равиши байнифаннӣ дар таълими равоншиносии тиббӣ.
Муҷофиқи фармони № аз ............... маҳфили илмии фаннӣ « Раҷоншиносӣ ва ҳаёт» ташкил дода шуд, ки дар он омузгорони кафедра ва донишҷуён ҷалб гардиданд.
Вазифаҳои асосӣ: ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқот; рушди малакаҳои кор бо адабиёти илмӣ; омӯзиши асосҳои методологияи таҳқиқоти психологӣ; омода намудани маърӯза ва тезисҳо; ташкили муҳокимаҳои илмӣ; омодагӣ ба иштирок дар конференсияҳо; рушди лоиҳаҳои таҳқиқотӣ.
Мавзӯи илмии пешниҳодшудаи кафедра: «Бехатарии психологии муҳити таълимӣ, некӯаҳволии психологӣ ва ангезаи таҳсилии донишҷӯёни Муассисаи таълимии ғайридавлатии “ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”: ҷанбаи клиникӣ-психологии таҳқиқот».
Мақсад: ташаккул додани малакаҳои таҳқиқоти илмӣ дар донишҷӯён ва омӯзиши робитаи байни муҳити таълимӣ, некӯаҳволии психологӣ ва ангезаи таҳсилӣ.
Самтҳои пешниҳодшавандаи тадқиқот:
- Омӯзиши асосҳои назариявӣ ва методологии бехатарии психологӣ дар муҳити таълимӣ.
Таҳлили мафҳуми бехатарии психологӣ, ҷузъҳои асосии он ва аҳамияти муносибатҳои эҳтиромона, адолат, эътимод ва имконияти озодона баён намудани фикру саволҳо дар раванди таълим.
- Арзёбии дарки донишҷӯён аз бехатарии психологӣ дар муҳити таълимии донишкада.
Омӯзиши назари донишҷӯён оид ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ, эҳтироми шаъну шараф, муносибати одилона, имконияти изҳори ақида, хатогиҳоро эътироф кардан ва муроҷиат намудан барои гирифтани кӯмак.
- Омӯзиши сатҳи некӯаҳволии психологӣ ва хусусиятҳои он дар донишҷӯён.
Арзёбии некӯаҳволии субъективии психологӣ, қаноатмандӣ аз ҳаёт ва таҳсил, ҳисси дастгирии иҷтимоӣ ва омилҳои эҳтимолии алоқаманд бо некӯаҳволии донишҷӯён.
- Таҳлили хусусиятҳои ҳавасмандии таълимии донишҷӯён.
Омӯзиши ҳавасмандии дохилӣ ва берунӣ, шавқ ба донишомӯзӣ, ҳисси мустақилият, масъулият барои таҳсил ва омилҳое, ки метавонанд ба иштироки фаъолона дар раванди таълим алоқаманд бошанд.
- Муайян намудани робитаи байни бехатарии психологӣ, некӯаҳволии психологӣ ва ҳавасмандии таълимӣ.
Таҳлили робитаҳои оморӣ байни нишондиҳандаҳои бехатарии психологӣ, некӯаҳволии психологӣ ва намудҳои ҳавасмандии таълимӣ бо мақсади муайян намудани хусусият ва қувваи ин робитаҳо.
- Омӯзиши фарқиятҳои эҳтимолии нишондиҳандаҳои психологӣ вобаста ба курси таҳсил.
Муқоисаи нишондиҳандаҳои бехатарии психологӣ, некӯаҳволӣ ва ҳавасмандии таълимӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои гуногун, бо дарназардошти ҳаҷми интихоб ва хусусиятҳои гурӯҳҳои муқоисашаванда.
- Муайян намудани омилҳои эҳтимолии хавф ва омилҳои муҳофизатии муҳити таълимӣ.
Омӯзиши робитаи эҳтимолии муносибатҳои ғайриэҳтиромона, эҳсоси беадолатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои муҳити таълимӣ бо нишондиҳандаҳои некӯаҳволӣ ва ҳавасмандии донишҷӯён.
- Таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба беҳтар намудани муҳити психологӣ ва дастгирии донишҷӯён.
Дар асоси натиҷаҳои тадқиқот таҳияи тавсияҳо барои баланд бардоштани фарҳанги муоширати педагогӣ, рушди муносибатҳои эҳтиромона, пешгирии фишори психологӣ ва такмили низоми дастгирии психологӣ дар донишкада.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра













