Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика
Таърихи азнавсозӣ: 31.10.2026
|
|
Искандаров Эмаҳмад Ҳандулоевич Вазифа: мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика. Унвони илмӣ: Номзади илмҳои биологӣ. Ихтисос: биолог Муаллифи зиёда аз 20 кори илмӣ, аз ҷумла 5 мақола дар нашрияҳои илмии байналмилалӣ. Тамос: Тел: +992903030346, e-mail: mahmad-i@mail.ru |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ҳамчун сохтори мустақили Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон (№ 04-33 аз 27 январи соли 2022) таъсис ёфтааст. То ин давра фаъолияти корҳои таълимию методӣ аз рӯи ин самт дар доираи коллеҷ дар кафедраи биология ва фармакогнозия ба роҳ монда шуда буданд.
Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои биология Абдураҳмонов Нуритдин Атақузиевич мебошанд. Аз моҳи сентябри соли 2026 иҷрои вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои биологӣ Искандаров Э.Ҳ. вогузор шудааст.
Фаъолияти кафедра ба таълими босифати донишҷӯён ва такмили корҳои таълимӣ-методӣ дар самти биологияи тиббӣ ва генетика равона шудааст. Кори кафедра мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда, ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилии донишкада, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин қарорҳои Шӯрои олимон ва роҳбарияти Донишкада амалӣ карда мешавад.
Кафедра яке аз сохторҳои калидии донишкада ба шумор рафта, таълими фанни биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ташаккули салоҳиятҳои касбии мутахассисони ояндаи соҳаи тибро таъмин мекунад.
Роҳбарии кафедраро номзади илмҳои биологӣ Искандаров Э.Ҳ. ба уҳда дошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ-методӣ ва ташкилии кафедраро таъмин менамояд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ
Барои гузаронидани раванди таълим кормандони кафедра мунтазам ба таҳияи дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо машғул мебошанд. Солҳои охир аз ҷониби кормандони кафедра курсҳои нави лексионӣ бо барномаҳои намунавӣ ва корӣ нашр шудаанд, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд.
Барномаҳои нав бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Дар онҳо мақсад ва вазифаҳои фан, талабот ба сатҳи азхудкунии маводи таълимӣ, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва кори мустақилонаи донишҷӯён дар доираи низоми кредитии таҳсил муайян карда шудаанд.
Дар давоми фаъолияти кафедра 12 барномаи таълимӣ (силлабус), матни лексияҳо аз фанҳои биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, ботаника ва генетикаи тиббӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ ва психологияи тиббӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд.
БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Дар кафедра донишҷӯёни факултетҳо ва курсҳои зерин таҳсил мекунанд:
Курси I: факултетҳои стоматологӣ ва фармасевтӣ инчунин факултети психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ аз фанни биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика.
Курси II: факултети фармасевтии аз фанни ботаника.
Курси III: факултети психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ аз фанни генетикаи тиббӣ.
Бояд қайд кард, ки раванди таълим дар кафедра бо се забони таҳсил: давлатӣ, русӣ ва англисӣ амалӣ карда мешавад.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ
Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ мекунад. Самтҳои асосии фаъолият иборатанд аз рушди иқтидори илмии кафедра, фаъолгардонии кори тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон, баланд бардоштани тахассуси илмии онҳо, инчунин ошкор ва ҷалб намудани ҷавонони бо истеъдод ба тадқиқоти илмӣ.
Дар назди кафедра маҳфили илмии фаннии «Табиат ва мо» фаъолият мекунад, ки кори он мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи корӣ ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти маҳфил ба баланд бардоштани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, васеътар омӯхтани донишҳо аз фанҳои профилӣ, рушди маҳорати тадқиқотӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ равона шудааст.
Дар доираи татбиқи ташаббусҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳои бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – соли 2025, аз ҷониби кафедра конференсияи илмию амалии донишҷӯён ва омӯзгорон ташкил карда шуд. Гузаронидани ин чорабинӣ ба фаъолгардонии фаъолияти илмию маърифатии таълимгирандагон ва омӯзгорон, инчунин ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мубрами ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат кард.
Дар давоми фаъолияти кафедра аз ҷониби омӯзгорон ду курси лексия, як монография ва як дастури таълимӣ-методӣ омода ва нашр гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2025 аз ҷониби омӯзгорони кафедра нашрияҳои таълимӣ ва таълимию методии зерин ба нашр расиданд: дастури таълимии «Маxмуи лексияҳо аз фанни биологияи тиббӣ», дастури таълимии «Маxмуи лексияҳо аз генетикаи умумӣ ва тиббӣ», Машuулиятҳои амалӣ аз биологияи тиббӣ, машuулиятҳои амалӣ аз генетикаи умумӣ ва тиббӣ, инчунин дастурамали таълимӣ – методӣ доир ба гузаронидани машғулиятҳои лабораториву амалӣ аз фанни биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика. Илова бар ин, 30 тезису маъруза ва 18 мақолаи илмӣ ба нашр расидаанд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин дар маҷаллаҳои таrризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ба нашр расонида шудааст.
Ҳамин тавр, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра ба баланд бардоштани самаранокии кори илмӣ, такмили таъминоти таълимӣ-методии раванди таълим, рушди фаъолияти нашриявии омӯзгорон ва густариши иштироки донишҷӯён дар тадқиқоти илмӣ равона шудааст.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Кори тарбиягӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра мебошад, ки ҳангоми хондани лексияҳо ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ татбиr карда мешавад. Кори тарбиявӣ дар кафедра мувофиқи нақшаи кори тарбиявӣ, ки аз xониби муовини ректор оид ба тарбияи тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Наrшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи санаҳои муҳими давлатӣ ва чорабиниҳои иҷтимоию сиёсӣ дар бар мегирад. Чорабиниҳои тарбиявӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин ба васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва андешаи онҳо равона шудаанд. Дар баробари ин, кори тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ гузаронида мешавад. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯён оид ба тарбия ва риояи сарулибос, интизом ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар кафедра ва донишкада суҳбатҳо мегузаронанд.
Дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика мувофиқи нақшаи кори тарбиявии кафедра аз ҷониби омӯзгорон дар гурӯҳҳои академӣ чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ, суҳбатҳои мавзӯӣ ва вохӯриҳо бо донишҷӯён гузаронида мешаванд, ки ба пешгирии терроризму экстремизм, пешгирии дигар падидаҳои номатлуб ва инчунин пешгирии ҷалби ҷавонон ба созмонҳо ва гурӯҳҳои экстремистӣ равона шудаанд.
ҶОЙГИРШАВИИ КАФЕДРА
Кафедра дар бинои якуми таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Ғаффор Мирзо 2, ҳуҷраи 405 ҷойгир аст. Базаи моддию техникии кафедра се аудиторияи таълимӣ ва як толори лексиониро дар бар мегирад, ки барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд.
Маълумоти тамос: e-mail: mahmad-i@mail.ru

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
Искандаров Эмаҳмад Хандулоевич
Вазифа: мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика
Унвони илмӣ: Номзади илмҳои биологӣ.
Ихтисос: биолог
Тамос: Тел: +992903030346,
e-mail: mahmad-i@mail.ru
Раҳмондодова Ҳабиба Мабатшоевна
Вазифа: ассистенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика.
Ихтисос: Эколог.
Тел: +992501901181,
e-mail: mabatshoevnahabiba@gmail.com
Давлатзода Тоҷинисо Хайриддин
Вазифа: ассистенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика.
Ихтисос: биолог.
Тамос: Тел: +992931707022
e-mail: davlatovatojiniso84-84@gmail.com
Давронова Мавҷуда Абдуқадировна
Вазифа: ассистенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика.
Ихтисос: биотехнолог.
Тамос: Тел: +992009999168,
e-mail: mdavronova83@gmail.com
Нурализода Муниса Нуралӣ
Вазифа: ассистенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика.
Ихтисос: Эндокринолог.
Тамос: Тел: +992880807412,
e.mail:nuralizodamunisa27@gmail.com
Руйхати ҳуҷҷатҳо
- Низомномаи кафедра
- Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
- Дастурамали вазифавии мудири кафедра
- Дастурамали вазифавии профессори кафедра
- Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
- Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
- Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
- Дастурамали вазифавии лаборанти кафедра