Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ
|
|
Пулотов Камолҷон Ҷамоловичномзади илмҳои тибМудири кафедраE-mail:kamolendos@mail.ruТелефон: +992 938454509 |
КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ҶАРРОҲӢ
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ бори аввал дар заминаи собиқ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе» дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон тибқи фасли 8, банди 65-и Оинномаи «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе», бо фармоиши директор таҳти № 04-119 аз 11 сентябри соли 2019 ташкил карда шуд. Он вақт дар кафедраи мазкур фанҳои таълимии ба тахассуси ҷарроҳӣ алоқаманд муттаҳид карда шуда буданд.
Бо қарори Шӯрои олимони Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» аз 26 январи соли 2022 ва тибқи Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017, № 3/13), сохтори кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ мавриди таҷдиди назар қарор дода шуда, бо фармоиши ректори МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» он ба кафедраи ҷарроҳии умумӣ табдил дода шуд.
Бинобар ба вуҷуд омадани зарурати таълимӣ ва бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи кафедраи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» аз 01.02.2023 (01) ва мутобиқи зербанди 3, банди 11.3, боби 11-и Оинномаи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», аз 01.09.2026 номи кафедра ба «Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ» иваз карда шуд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедра ба самтҳои асосии фаъолият ва нақшаҳои таълимии факултетҳои кори табобатӣ, стоматология ва психологияи тиббӣ нигаронида шудаанд.
Айни ҳол дар ҳайати кафедра 17 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки 7 нафари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра:
-
Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи ҷарроҳӣ, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо;
-
Беҳтар намудани самаранокии таълими фанҳои тахассусии ҷарроҳӣ, фаро гирифтани донишҷӯён бо усулҳо ва технологияҳои муосири таълим;
-
Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конференсияҳо, семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғайра;
-
Идома додан ва ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорон ва унвонҷӯёни кафедра;
-
Ғанӣ гардонидани раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмии навтарин;
-
Омода намудани дастурҳои методӣ ва адабиёти таълимӣ;
-
Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён;
-
Пешбурди корҳои табобатӣ;
-
Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон;
-
Тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии тиббӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.
Тибқи нақшаи таълимӣ дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ ду фанни таълимӣ тадрис дода мешавад:
-
Бемориҳои ҷарроҳӣ — барои донишҷӯёни курсҳои 4, 5 ва 6-уми факултети кори табобатӣ ва курси 4-уми факултети стоматология;
-
Ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантология — барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети кори табобатӣ.
ЗАМИНАҲОИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ ВА ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ҶАРРОҲӢ
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ дар ошёнаи 6-уми бинои асосии таълимии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» ҷойгир буда, аз 4 кабинет иборат аст, ки бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Заминаҳои клиникии кафедра
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ фаъолияти таълимию амалии худро дар заминаи се муассисаи табобатии шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст:
-
Маркази клиникӣ-илмӣ-таълимии назди Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» (3 синфхонаи таълимӣ);
-
Муассисаи давлатии «Маркази клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» (1 синфхона);
-
Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”» (8 синфхонаи таълимӣ), ки дар он омӯзгорони ҳамкор фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, масоҳати умумии кафедра бо заминаҳои таълимии он зиёда аз 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як донишҷӯ аз 8 то 12 метри мураббаъ рост меояд. Нишондиҳандаи мазкур ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намуда, ҳатто аз онҳо зиёд мебошад.
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият намуда, дар самтҳои рушди иқтидори илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавони болаёқат ба докторантура аз рӯйи ихтисос (доктори фалсафа — PhD), инчунин рушди корҳои таълимию таҳқиқотӣ бо ворид намудани усулҳои инноватсионии ташкили раванди таълим фаъолият мебарад.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ ҳамкориҳои илмиро бо МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Дар кафедра 6 нафар унвонҷӯ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд, аз ҷумла 3 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва 3 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм. Дар кафедра 8 нафар номзади илми тиб, аз ҷумла 1 нафар дотсент, фаъолият доранд.
ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВӢ
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ барои дар амал татбиқ намудани талаботи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми имкониятҳои мавҷударо, аз ҷумла неруи зеҳнию эҷодии донишҷӯён ва омӯзгоронро сафарбар менамояд. Кормандони кафедра оид ба иқдом ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои марбута ва раёсати донишкада пешниҳод ва дастгирӣ мегарданд, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, мутобиқи он дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои тарбиявиро ба роҳ мемонанд. Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, дар гурӯҳҳои академӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба тарғибу ташвиқи муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ ва суҳбатҳо мегузаронанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муоширати байни омӯзгорону донишҷӯён ва муошират бо беморон дар раванди машғулиятҳои амалӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси ахлоқи тиббӣ, пурзӯр намудани тарбияи пайвастаи маънавию ҳуқуқии донишҷӯён суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Кафедра дар ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳо, озмунҳо ва ҳамоишҳо оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар сатҳҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳм мегузорад.
Ҳамасола дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ конференсияҳои омӯзгорону донишҷӯён баргузор мегарданд, ки дар онҳо дастовардҳои устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифта, натиҷаҳои онҳо дар воситаҳои ахбори омма, сомона ва нашрияҳои даврии донишкада нашр мешаванд.
Дар назди кафедра ҷамъияти «Ҷарроҳони ҷавон» фаъолият менамояд. Нақшаи кории ҷамъияти «Ҷарроҳони ҷавон»-и назди кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ барои соли таҳсили 2026–2027 тасдиқ гардидааст.
Ҳадафи асосии фаъолияти ҷамъият баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи ҷарроҳӣ, рушди тафаккури клиникӣ, ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳибкасб мебошад.
Дар доираи нақшаи тасдиқгардида баргузории машғулиятҳои амалӣ, курсҳои «Малакаҳои замимавии ҷарроҳӣ», мастер-классҳо, семинарҳои илмӣ, озмунҳои касбӣ ва омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши усулҳои муосири ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии каминвазивӣ, лапароскопия, эндоскопия, техникаи гузоштани дарзҳои ҷарроҳӣ ва истифодаи дурусти асбобҳои ҷарроҳӣ равона карда мешавад.
То 1 ноябри соли 2026 ҷамъият 93 нафар аъзо дошта, ҳамаи онҳо курси «Малакаҳои замимавии ҷарроҳӣ»-ро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаанд.
Ташаббускор ва ташкилкунандаи ҷамъият, инчунин роҳбари курси мазкур омӯзгори кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ Шарифзода Ҳабибулло Шайдулло мебошад.
КОРҲОИ ТАБОБАТИЮ МАШВАРАТӢ
Аз ҷониби ҷарроҳони кафедра дар Маркази клиникӣ-илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон амалиётҳои ҷарроҳӣ ва эндоҷарроҳӣ дар узвҳои ковокии шикам ва узвҳои системаи пешоббарору таносул гузаронида мешаванд.
Аз ҷониби мудири кафедра, сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба эндоскопия, номзади илми тиб Пулотов К.Ҷ., дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» корҳои ташхисию табобатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Усулҳои нави табобат дар роҳҳои талхабарор, аз ҷумла усулҳои даруннигарии ретроградии холангиопанкреатография (ЭРХПГ), папиллосфинктеротомия, стентгузории узвҳои ҳозима ҳангоми омосҳои бадсифат, усули табобати эндоскопии ахалазияи сурхрӯда, бужкунонии сурхрӯда ҳангоми тангшавиҳои баъдисӯхтагӣ ва тангшавиҳои баъди гузоштани анастомоз, полипэктомия, аз ҷумла буриши эндоскопии омосҳои хушсифати меъда, инчунин боздоштани хунравӣ ҳангоми захмҳои хунрави меъдаю рӯда, аз ҷумла клипгузории захми хунрави меъда ва табобати васеъшавии варидҳои сурхрӯда ва ғайра ба роҳ монда шудаанд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани ин усулҳои муосири ташхису табобат шумораи шаҳрвандоне, ки барои ташхис ва табобат ба хориҷи кишвар муроҷиат мекунанд, коҳиш ёфтааст. Ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар мебошад.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
КОРМАНДОНИ КАФЕДРА
|
|
Пулотов Камолҷон Ҷамолович – мудири кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, табиби даруннигари дараҷаи олӣ, сармутахассиси гайривоҳидии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба даруннигарӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» (2021). Муаллифи зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, 3 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ, 4 китобҳои таълимӣ, ва 15 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. E-mail:kamolendos@mail.ruТел: +992 938454509
|
![]() |
Яхшибекова Шарофат Ҷафарқуловна – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи кўдаконаи дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ ва 5 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. Тел:+992935303994
|
![]() ![]() |
Баходуров Ҷура Тураевич - ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, дотсент, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи кўдаконаи дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муаллифи зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, 3 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ ва 12 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. Тел: +992937216066E-mail:jurabekbahodurov@gmail.com
|
![]() ![]() |
Ҳамроев Бахтиёр Муродуллоевич - ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ. Муаллифи зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 15 пешниҳодоти ратсионализаторӣ, 2 дастури таълимӣ ва 4 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ.
Тел:+992555443344E-mail:khamroev-2015@mail.ru |
![]() ![]() |
Мирзоев Довуд Саидназарович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи кўдаконаи дараҷаи олӣ. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ
Тел:+992918692996E-mail:dovudshoh73@mail.ru |
![]() ![]() |
Бобоев Баҳодур Ҷамшедович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, аз рӯи ихтисос: табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), дорандаи мукофоти байналмиллалии Ордени «Роберт Кох» (Олмон, 2013) Муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва 1 пешниҳодоти ратсионализаторӣ Тел:+992918888849E-mail:boda75@gmail.com |
![]() |
Табарзода Шарифамо - ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, дараҷаи олӣ. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015). Бо мукофоти давлатии «Ордени Шафкат» (2014) сарфароз гардонида шудааст. Муаллифи зиёда 6 мақолаҳои илмӣ. тел:+992939220857 E-mail:umeda81@mail.ru
|
![]() ![]() |
Пулодов Ҷамолиддин Оқилович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби ҷарроҳи дараҷаи 1-ум. Муаллифи 10 мақолаҳои илмӣ, ва 1 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ.
тел:+992934143777 E-mail:dr.jamik8787@mail.ru
|
![]() ![]() |
Холиқов Хайрулло Лоиқович – ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби ҷарроҳ дараҷаи 1-ум. Муаллифи 8 мақолаҳои илмӣ ва 1 дастурамалҳои таълимӣ-методӣ. тел:+992918563291 E-mail:khayrullo1982@mail.ru |
![]() ![]() |
Ниёзов Олим Махмадзокирович – хатмкунандаи Донишгоҳи Федералии шаҳри Қазони ФР, донишкадаи тибби фундаменталӣ ва биология (2021). Ординатураи клиникӣ солҳои 2021-2023 дар Донишгоҳи Федералии шаҳри Қазони ФР, донишкадаи тибби фундаменталӣ ва биология. Аз моҳи октябри соли 2023 ассистенти кафедраи «Ҷарроҳии умумӣ»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: табиби ҷарроҳ тел:+992971259696 E-mail:olimniyzov704@gmail.com
|
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
Санадҳои татбиқ дар раванди таълим ва табобат


















