Кафедраи забонҳо
Таърихи навсозӣ: 20.10.2026
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи забонҳо бо фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» аз 02.09.2020 таҳти №04-27 бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим, такмили фаъолияти таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замон, тибқи суратҷаласаи№1 Шурои олимон аз 31.08.2020 ва мутобиқи оинномаи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Кафедра фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи нақшаи кории кафедра, низомномаи кафедра, қарорҳо ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Аз моҳи августи соли 2026 мудири кафедраи забонҳо Қоситова Ӯғулой Рафиқовна - номзади илмҳои филологӣ таъин гардидааст.
Устодони кафедраи забонҳо пайваста кӯшиш менамоянд, фанҳои тадрисшаванда: забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва биоэтикаро бо усулҳои муосири таълим баргузор намоянд. Дар кафедра 1 нафар доктори илм, профессор, 4 нафар номзади илм, 1 нафар дотсент фаъолият мебаранд.
Технологияи муосир. Бо беҳтар шудани шароити моддию техникии Донишкада омӯзгорони кафедраи забонҳо аксари дарсҳои худро бо истифода аз технологияи муосир (компютер, проектор ва тахтаҳои электронӣ) мегузаронанд. Дар баробари китобҳои асосии дарсӣ, истифодаи маводи иловагии таълимӣ, аз ҷумла маводи аудиоӣ ва видеоӣ, маҷмуи саволномаҳо барои худсанҷӣ, маводҳои тақсимшаванда ва презентатсияҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО
- Омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ);
- Омӯзиши фанни биоэтика
- Ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим (CBL – Case-Based Learning (Таълим бо мисол), TBL – Team-Based Learning (Таълим дар гурӯҳҳо));
- Таҳияи барномаҳои таълимӣ, силлабус ва маводи дарсӣ;
- Пажӯҳиш дар соҳаҳои забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ ва методикаи таълим;
- Нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ, нашрияҳои даврӣ ва иштирок дар конфронсҳо;
- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон;
- Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.
ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО
Ҳайати кафедраи забонҳо1 нафар, доктори илмҳои филологӣ, прфессор Юлдошев У.Р. 4 нафар номзади илмҳои филологӣ, Қоситова Ӯ.Р, Самадова З.С, Ризоева Г.И., Сафаров Р.И., 2 нафар дотсент, фаъолият мебаранд. Дар соли таҳсили 2026-2027 ҳайати кормандони кафедра – 12 нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 11 нафар омӯзгори асосӣ – Юлдошев У, Самадова З, Нодиров А., Шодиева Л., Қурбонова Т., Носирова М., Хоҷаева Ш., Ғаниева М.,Аҳмадзода Ф.,Сафарзода Ф., Усмонова Ш, 1 нафар омӯзгори ҳамкори дохила - Ризоева Г., 1нафар ҳамкори беруна – Сафаров Р. фаъолият доранд.
КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
Кафедраи забонҳо вазифа дорад, ки дар сатҳи Донишкада таълим ва малакаи забондонии донишҷӯёнро инкишоф диҳад. Корҳои таълимӣ асосан ба чор самт тақсим мешаванд: дарсӣ, усулҳои омӯзиш, санҷиш ва тарбияи малакаҳои амалии забонӣ.
1) Диди умумӣ ва барномаҳои таълимӣ
- Таҳияи силлабусҳо ва барномаҳои таълимӣ барои курсҳои забонҳои хориҷӣ ва тоҷикӣ.
- Ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим (CBL, TBL, role-play, project-based learning).
- Омода кардани маводи таълимӣ: китобҳо, презентатсияҳо, видео ва аудио.
2) Дарсҳои назариявӣ ва амалӣ
- Дарсҳои назариявӣ: грамматика, луғат, фонетика ва услубшиносӣ.
- Дарсҳои амалӣ: нутқ, шунавонӣ, хондан ва навиштан бо усулҳои интерактивӣ.
- Гурӯҳбандии донишҷӯён барои рушди ҳамкории гурӯҳӣ ва муҳокимаи мавзуъҳо.
3) Санҷиш ва арзёбӣ
- Омодасозӣ ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилӣ: саволнома, тест, презентатсия ва иштирок дар муҳокимаҳо.
- Интегратсия кардани аудио.
- малакаҳои шунавонӣ ва нутқ.
4) Корҳои амалӣ
- Таҳияи тарҷумаҳо ва таҳлили матнҳои воқеӣ (Case-Based Learning).
- Иштирок дар маҳфилҳои назди кафедра барои амалигардонии малакаҳо.
Дар кафедра донишҷӯёни курсҳои 1-уми ҳамаи факултетҳо аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, забони тоҷикӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Инчунин ба донишҷӯёни факултети тиббӣ -иҷтимоӣ забони олмонӣ тадрис дода мешавад. Ба донишҷӯёни курси 2- юм фанни биоэтика омӯзонида мешавад. Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ омӯзгорони кафедра пайваста дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо корбарӣ менамояд. Солҳои охир омӯзгорони кафедра барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Дар таркиби барномаҳо нақшаҳои мавзуи лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯи кори мустақилонаи донишҷӯён, мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим дастабандӣ шудаанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 9 барномаи таълимӣ (силлабусҳо) барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва тиббӣ-иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Барои ҳар як фан 300 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикршуда, дар кафедра омода шудааст. Аз тарафи омӯзгорони кафедра дар соли таҳсилӣ 2026-2027 маҷмуи таълимӣ - методӣ ва барномаи корӣ аз фанни забони давлатӣ, барои гурӯҳои хориҷӣ, дастури таълимӣ барои фанни забони русӣ омода карда шуд.
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди иқтидори илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар самти илм ва инноватсия фаъолият мебарад.
Дар ин давра аз тарафи омӯзгорони кафедра 2 монография ва 6 дастури таълимӣ, 15 мақола ва 40 фишурда дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва дар маҷаллаҳои КОА-и ФР ва ҶТ ба чоп расидааст.
Ҳамзамон боиси тазаккур аст, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, № 148 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён, дар назди кафедраи забонҳо Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» маҳфили фаннии «Посдорон ва дӯстдорони забон» таъсис дода шудааст. Маҳфили мазкур тибқи фармоиши муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Аламхон Ахмедов аз 5 сентябри соли 2022, таҳти № 04-479, фаъолияти худро оғоз намуд. Маҳфили фаннии «Посдорон ва дӯстдорони забон» “Ҷаҳон дар оинаи забон” ва “Суханварони ҷавон” бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб, тақвияти донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, амиқтар омӯхтани фанҳои тахассусӣ, инчунин бедор намудани шавқу рағбат ба фаъолияти эҷодӣ ва таҳқиқоти илмӣ таъсис дода шудааст.
Фаъолияти маҳфил ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти таҳлил ва хулосабарорӣ, такмили маҳорати забондонӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯёни факултетҳои кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, тиббию иҷтимоӣ ва фарматсевтӣ равона гардидааст.
Ҳамасола дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...” шогирдони кафедра иштирок намуда, дар ҳамаи зинаҳои озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ин дастовардҳо далели равшани самаранокии фаъолияти маҳфили фаннии «Посдорон ва дӯстдорони забон», заҳмати омӯзгорон ва саъю кӯшиши донишҷӯён дар роҳи азхудкунии забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, маҳфили фаннии «Посдорон ва дӯстдорони забон», “Ҷаҳон дар оинаи забон” ва “Суханварони ҷавон”дар самти баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, рушди неруи зеҳнию эҷодӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибмаърифату соҳибкасб нақши муҳим дорад. Идомаи фаъолияти пурсамари он барои ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои фаннӣ ва муаррифии шоистаи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар чорабиниҳои илмию таълимӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти кафедраи забонҳо ба шумор рафта, ба ташаккули шахсияти комил, баланд бардоштани маърифату фарҳанги донишҷӯён, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона гардидаанд.
Фаъолияти тарбиявии кафедра дар асоси нақшаи кории таҳиягардида ва тибқи нақшаи тасдиқнамудаи муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои тиб Н. А. Аминова, ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина, омӯзгорони кафедра бо истифода аз шаклу усулҳои гуногуни корӣ, аз ҷумла баргузории соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои амалӣ, хонишҳои сиёсӣ, суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ, дар самти баланд бардоштани сатҳи дониш, фарҳанги муошират ва ҷаҳонбинии донишҷӯён фаъолияти мунтазамро ба роҳ мондаанд. Чорабиниҳои таълимию тарбиявии кафедра, пеш аз ҳама, ба ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқ равона шудаанд. Омӯзгорони кафедра пайваста бо донишҷӯён оид ба риояи интизоми таълимӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии кафедра ва донишкада, муносибати эҳтиромона бо омӯзгорону ҳамсабақон ва иҷрои уҳдадориҳои донишҷӯӣ суҳбатҳои тарбиявӣ мегузаронанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии кафедра, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарбияи эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ва оила, инчунин ташаккули муносибати бошуурона ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявии кафедра пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, омӯзгорон бо донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳо ва вохӯриҳои тарбиявӣ мегузаронанд. Дар ҷараёни чунин чорабиниҳо ба масъалаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва саҳмгузории ҷавонон дар рушди устувори ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.Ҳамзамон, дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ соатҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои маърифати оиладорӣ, одобу ахлоқ, фарҳанги либоспӯшӣ, муошират, психологияи муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва зебоипарастӣ баргузор карда мешаванд. Ин чорабиниҳо ба ташаккули муносибати солим ба ҳаёти оилавӣ, эҳтироми арзишҳои оиладорӣ, риояи одоби муошират, инкишофи завқи эстетикӣ ва тарбияи ахлоқии донишҷӯён мусоидат менамоянд. Дар баробари ин, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши таъриху фарҳанги халқи тоҷик, шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва ёдгориҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои тарбиявии кафедра мебошад. Тавассути чунин чорабиниҳо дар замири донишҷӯён ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси таърихию фарҳангии ниёгон тақвият дода мешавад. Ҳамчунин, ба масъалаҳои ҳифзи муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва пос доштани анъанаҳои неки мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти тарбиявии кафедраи забонҳо бо дарназардошти талаботи замони муосир ва ҳадафҳои тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат, ватандӯсту масъулиятшинос ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони кафедра бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва баргузории чорабиниҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ барои ташаккули шахсияти донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги онҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу дорои ахлоқи ҳамида пайваста талош менамоянд. Ин фаъолият дар тарбияи ҷавонони худогоҳу худшинос, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва эҳтиромгузор ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дошта, барои фароҳам овардани муҳити солими таълимӣ ва тарбиявӣ дар донишкада заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маълумоти мухтасар оид ба кафедраи забонҳои МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон”
Кафедраи забонҳо дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 02. 09. 2020 таҳти №04-27 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.
Кафедраи забонҳо дар ошёнаи панҷуми МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Кафедра бо 5-то синфхонаи таълимӣ таъмин мебошад.
Омӯзгорон дар кафедра барои босамар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ, аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд. Барои бештар аз худ намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва тахтаи электронӣ истифода мешаванд. Инчунин ҳангоми машғулиятгузаронӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводи аудио-визуалӣ васеъ истифода мебарад. Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
Кормандони кафедра
Қоситова Ӯғулой Рафиқовна
Вазифа: Мудири кафедраи фанҳои забонҳо
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ
Ихтисос: филолог, рӯзноманигор - омӯзгор
Teл:+992929705250
E-mail: kositova_sh@mail.ru
Ризоева Гулнора Икромовна
Вазифа: муаллими калон
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ
Ихтисос: филолог, омӯзгори забони англисӣ
Teл:+992 E-mail:
Нодиров Аҳрор Асрорович
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос:омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Сафарзода Фараҳноз Ориф
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: : омӯзгори забони англисӣ
Teл:+992 E-mail:farahnozsafarzade@gmail.com
Шодиева Латофат Абдуллоевна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Teл:+992901300101 E-mail: shodievalatofat2@gmail.com
Қурбонова Таҳмина Сафаралиевна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос:омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Teл:+992903666434 E-mail: qurbonovatahmina6@gmail.com
Самадова Зебо Саидовна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Ихтисос: филолог, омӯзгори забони русӣ
Teл:+992 E-mail:
Хоҷаева Шукрона Муродалиевна
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос:
Teл:+992 E-mail:
Аҳмадзода Фирдавси Ҳасан
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ:
Ихтисос: омӯзгори забони англисӣ
Teл:+992501-04-42-51 E-mail: firdavsahmadov10@gmail.com