Кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ
Таърихи азнавсозӣ: 04.11.2026
Роҳбарияти кафедра
МИРЗОЕВА СОҲИБА РУСТАМОВНА
Ваифа: Мудири кафедра
Телефон: +992800106641
E-mail: Sohibarustamovna@gmail.com
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи анатомияи патологӣ дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022 № 04-29 дар ҳайати кафедраи анатомияи одам бо истилоҳоти лотинӣ таъсис дода шудааст. Аз 25.07.2024 тағйирот ба номи кафедра дароварда шуда, ҳамчун кафедраи мустақил: анатомияи патологӣ ва тибби судӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз ҳамон вақт то имрӯз иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.т. Мирзоева С.Р. мебошад. Кафедра фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи нақшаи кории кафедра, низомномаи кафедра, қарорҳо ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб мебошад.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ ВА ТИББИ СУДӢ
1.Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанни анатомияи патологӣ, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо;
2.Беҳтар намудани самаранокии таълими фанҳои анатомияи патологӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим;
3.Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
4.Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмии навтарин;
5.Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ;
6.Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ ва маърифатнокии донишҷӯён;
7.Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон;
8.Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.
ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ ВА ТИББИ СУДӢ
Дар кафедра 2 номзади илми тиб Мирзоева С.Р., Раҷабова А.Б., 1- унвонҷӯй Хоҷаев С.Р ва 4- ассистенти ҳамкор фаъолият мекунанд. Дар соли таҳсили 2026-2027 ҳайати кормандони кафедра – 11 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 7-нафар омӯзгори асосӣ-н.и.т., Мирзоева С.Р., Раҷабова А.Б., Тохиров Д.Б., Нарзуллоева Н.Ҷ., Шарифзода Х., Алиев А.Ҳ., Сангова Б. Б ва дигарон (4 нафар) омӯзгори ҳамкор- Абдуллоева Ф.Р.,Ҷалилов М., Хоҷаев С.Р., Саидова Ф.Ғ мебошанд. Дар кафедра лексияҳо ва дарсҳои амалӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Лексияҳоро н.и.т. Мирзоева С.Р., н.и.т. Раҷабова А. Б, ва ассистентҳо Тоҳиров Д.Б, Нарзуллоева Н.Ҷ инчунин ба донишҷӯёни хориҷӣ ҳам мехонанд. Лексияҳо бо презентатсияҳо нишон дода мешаванд. Донишҷӯён дар кушодани ҷасад дар сардхонаи экспертизаи судӣ ва омодасозии бахшҳои гистологӣ дар лабораторияи гистологӣ иштирок мекунанд. Инчунин, донишҷӯён дар синфҳои амалӣ макро- ва микропрепаратҳоро меомӯзанд, дар албомҳо онҳоро нақш мебанданд ва масъалаҳои вазъиятиро ҳал мекунанд.
Кормандони кафедра китоби дарсии «Анатомияи патологии ҷузъӣ» ва китоби дарсии “Тибби судӣ”- ро бо забони тоҷикӣ навишта ба чоп супориданд. Инчунин навиштани китоби дарсӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ идома дорад. Айни замон, дар кафедра маводи таълимӣ барои аз худ кардани мавзуъ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба миқдори кофӣ мавҷуд ҳастанд. Инҳо китобҳои асосии таълимӣ мебошанд: “Анатомияи патологӣ” (таҳрираш А. Струков ва В. В. Серов 2012) бо забони русӣ. Китоби дарсӣ аз ҷониби кормандони кафедра бо забони давлатӣ таҳия шудааст (тоҷикӣ): Боронов Х., «Анатомия ва патологҳо» (2017) ва «Анатомия ва этилолӣ» (2011), С.Т.Ибодов, Э. Тағойқулов, С.Мирзоева, “Анатомия ва патологияи ковокии даҳон” Ибодов С.Т., Боронов Х.А. ва Тағойқулов Э.Х. (2015), дастур бо забони англисӣ «Анатометренинги патологӣ» аз Раҷабова А., Ибододов С.Т. ва Шарипов Ҳ.Ю. (2018). «Анатомияи патологӣ-қисми умумӣ» (2025), Мирзоева С.Р., Ибодзода С.Т., Раҷабова А.Б.« Анатомияи патологӣ –қисми дуюм” (2025), Мирзоева С.Р., Тағайкулов Э.Х. Курс лекции по “Патологической анатомии»(2025) Мирзоева С.Р., Хоҷаев С.Р., Курс лекции по “Патологической анатомии 1-2 часть» (2025) Мирзоева С.Р., Шарипов Х.Ю. Курс лекции по « Pathological anatomy » Раҷабова А.Б., Мирзоева С.Р.
Таълими анатомияи патологӣ мақсад дорад, ки дар корманди тиббӣ оянда дониши асосҳои патологияро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Дар системаи тиб ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб фанни анатомияи патологӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Анатомияи патологӣ асоси морфологии бемориро меомӯзад. Дар аввал дигаргуниҳоро бо чашми одӣ ва баъд дар зери пурбин мебинанд (микроскопӣ).
Вобаста ба талаботҳои муосир дар ҶТ нисбат ба маълумотҳои тиббӣ омӯхтани донишҷўён дар донишкада ва донишгоҳҳои олии тиббӣ оид ба анатомияи патологӣ, донистани дигаргуниҳои амиқ дар организм, ки мавриди беморӣ ба амал меояд, бениҳоят зарур мебошад. Анатомияи патологӣ фанни клиникӣ ба шумор рафта, сабаби пайдоиши беморӣ, (этиология), механизми пайдоиши беморӣ (патогенез) дигаргуниҳои макро- ва микроскопӣ, оқибат ва оризаҳои бемориро меомӯзад.
Аз рӯи ин фан донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ ва психологияи тиббӣ таҳсил мекунанд. Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзуии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзуии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 8 барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанни анатомияи патологӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, стоматологӣ ва психологияи тиббӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Аз рӯи ин фан 800 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикршуда дар кафедра омода шудааст.
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар доираи илм фаъолият мебарад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, кори иҷтимоӣ ва фармакология бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии азхуднамудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти № 148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 дар кафедра аз 10-уми октябри соли 2022 (таҳти № 546а) бо тасдиқи нақша-чорабинии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов А. маҳфили фаннии “Табибони ҷавон”, дар назди кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ амал менамояд.
Аз тарафи омӯзгорони кафедра дар ду соли фаъолияти кори кафедра 5- дастури таълимӣ, 2-китоби дарсӣ, 8-мақола ва 24- фишурда дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва дар маҷаллаҳои КОА ба чоп расидааст.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра буда, дар соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои амалӣ, хондани лексияҳо гузаронида мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.т Аминова Н мувофиқа ва тасдиқ карда шудааст, пеш бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, санаҳои таърихӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ дар бар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд. Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯён дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ суҳбат мекунанд.
Дар кафедраи анатомияи патологӣ ва тиббӣ судӣ тибқи нақшаи кори кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳо омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддасоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Маълумотнома оид ба кафедраи анатомияи патологӣ ва тиббӣ судӣ – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”
Кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022, № 04-29 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.
Кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ дар бинои нави донишкада – дар ш. Душанбе,кучаи К.Сеткина -2 қарор дорад. Дар кафедра 4- ҳуҷраи таълимӣ, 2- толори лексионӣ мавҷуд аст. Ҳамаи утоқҳои таълимӣ бо овезаҳо ва аёниятҳои дидактикӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Омӯзгорон дар кафедра барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ, аз усулҳои самараноки таълим истифода мебаранд. Барои бештар аз худ намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва тахтаи электронӣ истифода мешаванд. Дар муляжҳо мавзуи дарсӣ намоиш дода мешаванд. Донишҷўён низ аз рўи овезаҳо, муляжҳо ва узвҳои алоҳида донишандӯзӣ намуда, ба дарсҳо тайёрӣ мебинанд.
Ҳангоми машғулиятгузаронӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводҳои аудио-визуалӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.
КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ПАТОЛОГИЯИ АНАТОМИЯ ВА ТИББИ СУДӢ
МИРЗОЕВА СОҲИБА РУСТАМОВНА
Вазифа: мудири кафедра
Ихтисос: Патологоанатом
Унвони илмӣ: Номзади илмҳои тиб
Собиқаи корӣ: 30 сол
Телефон: +992 800106641
E-mail: sohibarustamovna@gmail.com
РАҶАБОВА АЗИЗА БОҚИБОЕВНА
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: патологоанатом
Унвони илмӣ: номзади илмҳои тиб
Собиқаи корӣ: 14 сол
Телефон: +992 901005558
E-mail: a.rajabova@yahoo.com
ТОХИРОВ ДИЛШОДБЕК БУВОҚУЛОВИЧ
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: сироятшинос
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 2 сол
Телефон: +992 927508808
E-mail: dilshodbek.tokhirov@mail.ru
САНГОВА БУНАФША БАХТИЁРОВНА
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: акушер - гинеколог
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 2 сол
Телефон: +992 070907799
E-mail: bunafshabakhtiyorovna@gmail.com
ШАРИФЗОДА ХАЙРАНДЕШ АЛИШЕР
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: хирург
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 5 сол
Телефон: +992 88333323
E-mail: Khayrandesh@gmail.com
НАРЗУЛЛОЕВА НИГОРА ҶУРАҚУЛОВНА
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: судмедэксперт
Унвони илмӣ: унвонҷӯ
Собиқаи корӣ: 14 сол
Телефон: +992 888801902
E-mail: nazrulloevanigora@gmail.com
АБДУЛЛОЕВА ФАРАХНОЗ РУСТАМОВНА
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: патологоанатом
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 7 сол
Телефон: +992 0023388
E-mail: parinozanin@gmail.com
ҶАЛИЛОВ МАЪРУФҶОН АШУРАЛИЕВИЧ
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: хирург
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 1 сол
Телефон: +992 888443392
E-mail: Marufjonjalilov@gmail.com
АЛИЕВ АЛИҶОН ҲАКИМОВИЧ
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: кардиолог
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 1 сол
Телефон: +992 90099127
E-mail: AlijonAliev2000@gmail.com
САИДОВА ФАЗИЛАТ ГАЙРАТОВНА
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: -
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 2 сол
Телефон: +992 005999975
E-mail: fazilatsaidova@gmail.com
ХОҶАЕВ САИДРАСУЛ РАҲИМОВИЧ
Вазифа: омӯзгори кафедра
Ихтисос: асабшинос
Унвони илмӣ: -
Собиқаи корӣ: 2 сол
Телефон: +992 005999975
E-mail: khojaevsaidrasul@gmail.com
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра