Кафедраи фтизиопулмонология
Роҳбарияти кафедра
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи “Фтизиопулмонология”, яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз 10 июни соли 2025 ташкил шудааст. Фармон № 04-350 аз соли 01.07. 2024.
Аз рӯзи таъсиси кафедра то имрӯз ба кафедра доктори илмҳои тиб, Сангинов Абдурасул Бобоевич роҳбарӣ кардааст. Дар ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои кафедра, бо асбобу анҷом, асбобҳои аёнӣ ва барои раванди таълим саҳми калон гузоштааст.
Кафедра фанни «фтизиатрия»-ро меомӯзад ва бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ). Ҳоло коркунони шуъба вазифаҳои серсоҳаро ба ҷо меоваранд, ки ба беҳтар намудани кори таълимӣ-методӣ, илмӣ, нашриётӣ ва идеявию тарбиявӣ нигаронида шудаанд. Баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ ва назариявиро бо роҳи тартиб додани воситаҳои махсуси методӣ ва таълимии ҳамаи фаслҳои фан барои донишҷӯён ҳамаи факултетҳо ба даст оварда мешавад.
Шароити ҳуҷраҳо барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ қаноатбахш буда, онҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ин ба баланд шудани сифати таълим таъсири калон расонида, машғулиятҳоро шавқовар мегардонад.
Кафедра дорои зиёди китобҳои дарсӣ оид ба фтизиопулмонология дар шакли электронӣ; матнҳои лексияҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ; баромадҳо оид ба лексияҳо ва дарсҳои амалӣ; воситаҳои методӣ барои машгулиятҳои амалӣ; барномаҳои таълимӣ; супоришҳои тестӣ мебошад.
Кафедра дар бораи ҳайати омӯзгорони кафедра стендҳо дорад; нақшаи таълимӣ ва машгулиятхои назариявӣ ва амалӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ» ва «Стоматология» ба се забон тасдик карда шудааст; саволҳои имтиҳонӣ бо се забон; тахтаи иттилоотӣ мавҷуд ҳаст.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, бахусус, риояи одоб ва деонтологӣ мебошад. Дар байни кормандони ҷавони кафедра ва донишҷӯён оид ба кори идеологӣ, сиёсию тарбиявӣ лекцияхо гузаронда мешаванд.
Кафедра бо донишҷӯёни факултетҳои гуногун аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ» ва «Стоматология» корҳои тарбиявӣ мебарад. Нақшаи умумии корҳои тарбиявии кафедра ва нақшаҳои корӣ ҳар як омӯзгор-роҳбар дар ҷаласаи кафедра тасдиқ карда мешавад.
Дар оғози дарсҳои амалӣ устодони кафедра 10-15 дақиқа дар мавзуъҳои: Муҳаббат ба Ватану миллат; маънои рамзҳои давлатӣ; шиносоӣ бо китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; ноил шудан ба мақсадҳо ва татбиқи Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм аҳамияти махсус дода мешавад; бо тамоюлхои зиддиконститусионӣ; мубориза бар зидди коррупсия; ахамияти ГЭС-и Роғун ва ғайра ба қонунҳои «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Уҳдадориҳои падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври ҷиддӣ муносибат мекунанд; нақшаи даҳсолаи «Об барои рушд барои солҳои 2018-2028»; ободонии шаҳри Душанбе; олимон ва ходимони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон; дастовардҳо дар соҳаи маориф, илм ва фаъолияти таълимӣ; омода намудани донишҷӯёни хоричӣ ва ғайра.
Ҳар рӯз бо донишҷӯён оид ба рафтори дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби муошират ва муроҷиат ба дигарон, тарзи либоспӯшӣ суҳбатҳо гузаронда мешаванд. Ба шунавандагоне, ки дар машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ иштирок мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Агар донишҷӯ бо сабабҳои узрнок аз дарс нагузашта бошад, он бояд фавран сабақгардонӣ карда шавад. Дар чорабиниҳои оммавии донишкада ва кафедра фаъолона иштирок намояд. Ҷойҳои ҷолиби шаҳр ва кишварро тамошо кунад.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод ба аспирантура, унвонҷӯ; рушди фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотӣ бо ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии ташкили раванди таълим; бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бой гардондани раванди таълим фаъолият дорад.
Бо максади баланд бардоштани сифати омода кардани мутахассисони тиб, бедор намудани фаъолияти эчодӣ дар таҳқиқот ва хулосахои илмӣ, бештар омӯхтани фанҳои махсус, бештар ҷалб намудани донишҷӯён, бо истеҳсолот пайвастани илм, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, инчунин дар роҳи иҷрои вазифаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 (таҳти No1445) «Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» дар назди кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён таҳти унвони «Силшиносони ҷавон» амал мекунад. Дар он тамоми кормандони кафедра иштирок намуда, донишҷӯёни қобилиятнок, ки майли илм доранд, ҷалб карда мешаванд. Маърӯзаҳои онҳо, ки дар конференцияҳои илмию амалии олимону донишҷӯёни ҷавони донишкада ва Ҷумҳурӣ. Донишҷӯён таҳти роҳбарии муштараки мудири кафедра, доктори илмҳои тиб, А.Б. Сангинов ба корҳои илмӣ машғуланд.
Ҷаласаҳои ҶИД-и кафедра тибқи нақшаи тасдиқшуда моҳе як маротиба ҳар моҳ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои мавзуӣ дар шакли презентатсия пешниҳод гардида, усулҳои муносибат ба таҳқиқоти илмӣ баррасӣ карда мешаванд. Мачлисҳо дар шаклҳои зерин мегузаранд: баромади аъзоён, муҳокимаи воқеаҳои амалияи тиббӣ, мубоҳисаҳои илмӣ ва ғайра.
ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРА
Мудири кафедра, доктори илмҳои тиб, Сангинов Абдурасул Бобоевич дар соли 2007 барандаи ҷоизаи ба номи «Исмоили Сомони» дар соҳаи илм ва техника барои олимони ҷавон. 2018 бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
ҶОЙГИРШАВИИ КАФЕДРА
Кафедраи фтизиопулмонология дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ҷойгир аст.
Суроға: 735400, ш. Ваҳдат, шаҳраки Шифобахш. телефон: (+992) 938888804,
e-mail: abdurasuls@mail.ru
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ
Ба ҳама маълум аст, ки беҳтар намудани сифати таълим яке аз максадҳои асосии донишкада буда, ин ташаббусро коллективи кафедраи фтизиопулмонология якдилона дастгирӣ мекунад.
Дар кафедраи барномаи таълимии «Фтизиопулмонология» донишҷӯёни курсҳои 4,5 ва 6 аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ» ва «Стоматология» аз фанни «фтизиопулмонология» ба се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ) машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд.
Дар кафедра машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз рӯйи стандартҳои таълимӣ бо назардошти технологияҳои нав ва бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки тамоми омӯзгорони кафедра маҷмӯи ҷадвалҳо, стендҳо, тестҳо, супоришҳои ситуатсионӣ, дастурамалҳо оид ба гузаронидани дарсҳои амалӣ гирд овардаанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳо мусоидат мекунанд.
Дар кафедра лексияҳоро мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Сангинов А.Б. ба забонҳои давлатӣ ва русӣ мехонад. Аз Маркази таҳсилоти баъдидипломии МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, дар базаи кафедра, дар шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина, ординаторҳои клиникӣ аз рӯи ихтисоси ҷарроҳӣ, курси ҷарроҳии қафаси сина ташкил карда шудааст. Асистентони кафедра дар беморхонаҳои ҷумҳури тоҷикистон барои ташхису табобат саҳми худро мегузоранд.
КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ФТИЗИОПУЛМОНОЛОГИЯ
САНГИНОВ АБДУРАСУЛ БОБОЕВИЧ
Вазифа: мудири кафедра, доктори илмҳои тиб
Ихтисос: ҷарроҳ, ҷарроҳи қафаси сина, саратоншинос ва пулмонолог-силшинос
E-mail:abdurasuls@mail.ru
Телефон: +992 938888804
НУРУЛҲАҚОВ НАҶМУЛҲАҚ САМАРИЛҲОҶЕВИЧ
Вазифа: Ассистент
Ихтисос: Ҷарроҳии сина ва фтизиопулмонология
Тахассус: Дараҷаи якуми касбӣ
Телефон: +992 935029909
E-mail: Dr.Atribut-91@mail.ru
ҲАСАНОВ АМОНУЛЛО ҶУНАЙДУЛЛОЕВИЧ
Вазифа: Ассистент
Ихтисос: Ҷарроҳии сина ва фтизиопулмонология
Мукофотҳо: Аълочии тандурустӣ. Дараҷаи олии касбӣ.
Телефон: +992 901505252
ОЛИМБОЕВ ШАРИФҶОН МУЗАФАРОВИЧ
Вазифа: Ассистент
Ихтисос: Травматология, ортопедия ва фтизиология
Мукофотҳо: Аълочии тандурустӣ. Дараҷаи олӣ.
Телефон: +992 918619161
БУРАКОВ ФАЙЗУЛЛО НИГМАТОВИЧ
Вазифа: Ассистент
Ихтисос: Травматология, ортопедия ва фтизиология
Тахассус: Дараҷаи якуми касбӣ
Телефон: +992 901097877
