Кафедраи вогиршиносӣ бо патологияи касбӣ


 Таърихи кафедра

Кафедраи “Вогиршиносӣ бо патологияи касбӣ” яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи июл соли 2024 дар заминаи Муассисаи Давлатии  “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Фармоиши №04-352 аз 1 июли соли 2024 Кафедра дар асоси шартнома байни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” ва роҳбарияти Муассисаи Давлатии  “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.

Аз рӯзи таъсиси кафедра то имрӯз и.в. мудири кафедра Рузизода М.М. доктори илмҳои тиб, роҳбарӣ карда истодааст.

Соли аввали таҳсил дар кафедра 5 навар мутахассисон (ассистентҳо) аз ҷумла  Рузизода М.М. (и.в мудири кафедра) ва дигар мутахассисон муаллимони кафедра буданд.

Кафедра 2 фанро меомӯзад: «Вогиршиносӣ» бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ), ва «Патологияи касбӣ» - ба забони давлатӣ ва русӣ.

Соли хониши 2024-2025 дар кафедра 9 гурӯҳи курси 5-уми факултети “Кори табобатӣ”, 19 гурӯҳи курси 4-уми “Кори табобатӣ”, 15 гурӯҳи курси 4 –уми “Стамотогӣ”, 4 гурӯҳи курси 3-юми “Психологияи тиббӣ” ва 2 гурӯҳи курси 2-юми “Иҷтимоии тиббӣ” – таҳсил намудаанд.

 Соли 2025-2026 бошад, дар кафедра 19 гурӯҳи курси 5-уми факултети “Кори табобатӣ”, 24 гурӯҳи курси 4-уми “Кори табобатӣ” ва 22 гурӯҳи курси 4 –уми “Стамотогӣ” таҳсил намудаанд.  Машӯулиятҳои  4 гурӯҳи курси 3-юми “Психологияи тиббӣ” ва  2 гурӯҳи курси 2-юми “Тиббӣ иҷтимоӣ” – тибқи ҷадвали дарси дар нимсолаи 2-юм нақшабандӣ карда шудааст.

Базаи  кафедра

 Айни ҳол дар кафедра 2 нафар д.и.т. ва 2 нафар н.и.т ва 3 нафар ассисентҳо фаъолият карда истодааст. Ҳайати  кафедра аз 7 нафар корманди ҳамкори берунӣ иборат мебошад, ки аз 5 то 40 соли фаъолияти омӯзгори доранд.

          Кафедра дар заминаи Муассисаи Давлатии  “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” фаъолият менамояд, ки аз як ҳуҷраи лексионӣ, ки бо проэктор ва тахтаи электронӣ, ҷиҳозонида шудааст, инчунин 2 ҳуҷраи дарсӣ мавҷуд аст, ки бо асбобҳои аёнии дарсӣ, доскаи электронӣ ҷиҳозонида шудааст. (аз чумла овезаҳо, мизу курсиҳо, компютерҳо ва ғайра). Илова бар ин 2 ҳуҷҷраи дарсӣ дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ” мавриди истифода қарор дорад, ки 2 нафар омӯзгорон аз фанни “Патологияи касбӣ” машғулият мегузаронанд.

Корҳои тадқиқотӣ машваратӣ

Корҳои тадқиқотӣ – машваратиро кафедраи “Вогиршиносӣ бо патологияи касбӣ” дар МД “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” ва МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ”, мегузаронанд:

Корҳои методӣ-таълимӣ

Кафедра дар ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои кафедра, бо асбобу таҷҳизотҳои аёнӣ барои раванди таълим саҳмгузор буда, ҳамавақт кушиш ба харҷ медиҳад, ки раванди таълиму тарбия, аз ҷумла машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯён дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

Дар кафедра  аз ду фан таълим медиҳанд: «Вогиршиносӣ», ки бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ) ва «Паталогияи касбӣ», бо 2 забон (давлатӣ ва русӣ) ба донишҷӯён дарс дода мешавад. Дар донишкада донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил карда истодаанд, ки машғулиятҳо ба забони англисӣ сурат мегирад. Омӯзгорон ва кормандони кафедра барои беҳтар намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, нашриётӣ, тарбиявӣ ҳама кӯшишро ба харҷ дода истодаанд. Барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ устодон аз усулҳои муосири таълим васеъ истифода бурда, пайваста такмил медиҳанд.

Кабинетҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои баланд бардоштани раванди сифати таълим нақши асосиро мебозад.

Фаъолияти таълим барои беҳтар намудани сифати таълим яке аз мақсадҳои асосии донишкада мебошад.

Аз фанни «Вогиршиносӣ» донишҷӯёни курси 5-уми ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Кори табобатӣ”-и донишҷӯёни хориҷӣ, курсҳои 4-уми “Стамотологӣ”, курсҳои 3-юми “Психологияи тиббӣ” ва курсҳои 2-юми “Тиббӣ иҷтимоӣ” ва аз фанни “Паталогияи касбӣ” донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси “Кори табобатӣ”, машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд.

Донишҷӯён аз рӯи Низомномаи низоми кредитӣ-модули таълим мегиранд.

Корҳои тарбиявии кафедра

Корҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон буда, бо донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва Стамотология пайваста дар руҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, бахусус риояи одоб ва профилактикӣ кор бурда мешавад.

Қабл аз оғози дарс омӯзгорони кафедра ба донишҷӯён дар бораи одобу ахлоқ, одоби сухан, экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, тарзи либоспӯшии ба талабот ҷавобгӯ, давомоти донишҷӯён ба дарс ва ғайра мулоқот мегузаронанд.

Корҳои илмӣ  тадқиқотӣ

Муддати 2 сол аз ҷониби кормандони кафедра 4 фишурда дар Маҷмӯаи мақолаҳои конфронси солона (72-юм)-и илмӣ-амалӣ "Уфуқҳои нав дар илми тиб, маориф ва амалия" байналмилалӣ, бахшида ба 85-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино нашр шудааст. Ҳамзамон кормандони кафедра дар конфронсҳо, форумҳо, симпозиумҳои дохили Тоҷикистон ва берун аз кишвар иштирок кардаанд, аз ҷумла: Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ғайраҳо.

Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод ва унвонҷӯён фаъолият дорад.

Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода мешаванд.

Ба рӯйхат