Кафедраи психиатрия ва неврология


Таърихи навсозӣ: 23.10.2026

Мудири кафедра

  • Barakatullo Niyozov

    Ниёзов Баракатулло  Ҳикматович 

    Вазифа: и.в. мудири кафедраи психиатрия ва неврология

    Дараҷаи илмӣ: -

    Ихтисос: психиатр

    Тел: +992 904 377350;

    e-mail: barak_n@mail.ru

     

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Фаъолияти кафедра аз 10 – уми июни соли 2025 мутобиқи Низомнома дар бораи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017 №3/13), Низомномаи кафедраи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», аз 01.02.2023 сол (№01) инчунин мутобиқи боби 6 нақшаи кории кафедра ва фармони ректор аз 09 июни соли 2025 №04-320 ба роҳ монда шудааст.

Кафедраи психиатрия ва неврология мувофиқи нақшаи таълимӣ аз рӯи фанҳои зерин машғулиятҳо мегузаронад:

  • психиатрия, психологияи тиббӣ;
  • тибби хоб;
  • психологияи патологӣ;
  • асабшиносӣ;
  • супервизия;
  • вайроншавии шаҳвонӣ;
  • пешгирии рафтори одаткардашуда;
  • психологияи нашъамандӣ;
  • ташхиси патопсихологӣ;
  • психофармакология;

 

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ

Кафедра барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, психологияи тиббӣ, тибби иҷтимоӣ ва стоматологӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.  Таълим аз рӯи нақшаи таълимӣ ба амал бароварда шуда, дар асоси самтҳои факултет бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, барои гурӯҳҳои хориҷӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти дарс омӯзгорон аз усулҳои мултимедӣ ҳамчун воситаи аёнӣ ва аз аёниятҳо дар шакли овезаҳо, расмҳои психологӣ ва тестҳо истифода мебаранд. Дар раванди таълим усулҳои зерин истифода мешаванд:

  • усулҳои интерактивии таълим;
  • тамошои филмҳо ва бозиҳои нақшӣ бо муҳокимаи минбаъдаи онҳо;
  • кори мустақилонаи донишҷӯ;
  • кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор.

Фаъолияти таълимӣ-методӣ

 Дар соли хониш, омӯзгорони кафедра корҳои зеринро иҷро карданд:

Барномаи корӣ (силлабус):

  • психиатрия, психологияи тиббӣ;
  • тибби хоб;
  • психологияи патологӣ;
  • асабшиносӣ;
  • супервизия;
  • вайроншавии шаҳвонӣ;
  • пешгирии рафтори одаткардашуда;
  • психологияи нашъамандӣ;
  • ташхиси патопсихологӣ;
  • психофармакология;

КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТӢ

Кафедра дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди иқтидори илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани ҷавонони лаёқатманд дар самти илм ва инноватсия фаъолият мебарад.

Дар ин давра аз  тарафи  омӯзгорони кафедра  9 фишурдаҳо  дар  конфронсҳои байналмилалӣ  ва ҷумҳуриявӣ  ва дар маҷаллаҳои КОА-и  ФР ва ҶТ ба чоп расидааст.

Ҳамзамон боиси тазаккур аст, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, № 148 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён, дар назди кафедраи психиатрия ва неврология маҳфили фаннии «Фариштаи наҷотбахш» таъсис дода шудааст. Маҳфили мазкур тибқи фармоиши муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Аламхон Ахмедов аз 1-уми ноябри соли 2025, таҳти № 04-2026/1, фаъолияти худро оғоз намуд. Маҳфили фаннии «Фариштаи наҷотбахш» бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб, тақвияти донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, амиқтар омӯхтани фанҳои тахассусӣ, инчунин бедор намудани шавқу рағбат ба фаъолияти эҷодӣ ва таҳқиқоти илмӣ таъсис дода шудааст.

Фаъолияти маҳфил ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти таҳлил ва хулосабарорӣ, такмили маҳорати забондонӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯёни факултетҳои кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология ва тиббию иҷтимоӣ   равона гардидааст.

Дар маҷмӯъ, маҳфили фаннии «Фариштаи наҷотбахш» дар самти баланд бардоштани рушди неруи зеҳнию эҷодӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибмаърифату соҳибкасб нақши муҳим дорад. Идомаи фаъолияти пурсамари он барои ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои фаннӣ ва муаррифии шоистаи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» дар чорабиниҳои илмию таълимӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВӢ

Барои баланд бардоштани сатҳи муоширати омӯзгорону донишҷӯён, муошират бо беморон ҳангоми таҷрибаомӯзӣ, риояи ҳатмии муқаррароти Кодекси одоби тиббӣ, пурзӯр намудани тарбияи пайвастаи ахлоқию ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён муҳокимаҳо гузаронида мешаванд.  Кафедра корҳои тарбиявиро дар асоси талаботи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (аз 20 июни соли 2024, № 2049); 
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 6, моддаи 428; 2008, № 6, моддаи 448; 2010, №1). 7, моддаи 568, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, No 1428, 28 августи соли 2017, № 1461);
  • Дастурамал оид ба либоси ягонаи тавсияшаванда барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, махсус ва олии касбӣ, ки бо қарори Коллегияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2007, № 14/2 тасдиқ шудааст;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 11, моддаи 275; 2005, № 3, моддаи 116; 2007, № 5, моддаи 355; 2008, № 1) 10, моддаи 802, с. 2012, № 8, моддаи 816, 2013, № 6, моддаи 407, 2014, № 11, моддаи 647, моддаи 648, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2014. , 2015 ., № 1266);
  • Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Замимаи 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222).

 Маълумоти мухтасар оид ба кафедраи психистрия ва неврологияи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон”

       Кафедраи психиатрия ва неврология дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 09 июни соли 2025 №04-320  ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.

    Кафедраи психиатрия ва неврология дар ошёнаи сеюми  МТҒ “Донишкадаи тиббӣ -  иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Кафедра бо 2 синфхонаи таълимӣ таъмин мебошад. Ҳамзамон дар марказҳои берун аз бинои асосии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” барои донишҷӯён таълим дода мешавад:

  • Маркази клиникӣ, илмӣ ва таълимии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ»-и ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов;
  • Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ»;
  • Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии наркологӣ»-и ш. Душанбе;
  • дармонгоҳи бемориҳои асаб «Невромед»;
  • ҶДММ «Маркази ислоҳнамоӣ омӯзишии Фаришта»;

Омӯзгорон дар кафедра  барои босамар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ,  аз усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд. Барои бештар аз худ намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва тахтаи электронӣ истифода мешаванд. Инчунин ҳангоми машғулиятгузаронӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводи аудио-визуалӣ  васеъ истифода мебарад. Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.

 КОРМАНДОНИ КАФЕДРА                               

Barakatullo Niyozov

Ниёзов Баракатулло Ҳикматович

Вазифа: и.в. мудири кафедра

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр

Тел: +992 904 377350;

e-mail: barak_n@mail.ru

Lolazor

Лолазорӣ Маҳбубеҳ

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: равоншинос;

Тел: +992 971 39 4455;

e-mail: lalezarimahbubeh@gmail.com

Qodirova

Қодирова Зебо Давроновна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи олӣ.  Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Тел: +992 918 165858;

e-mail: zebo.mentalhealth@gmail.com 

TaghoevA

Тағоев Абдулло Абдиевич 

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: нарколог

Тел: +992 918 248821;

e-mail: tagoev.abdullo@gmail.com

Hakimov_VB

Ҳакимов Валиҷон Бегиҷонович

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: нарколог

Тел: +992 915 00 90 99

MahmadovaM

Маҳмадова Муслима Ҳусейновна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи якум

Тел: +992 918 165858;

e-mail: muslimamahmadova73@gmail.com

Alibaeva

Алибаева Моҳира Иргашевна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи якум.

Тел: +992 935 65 44 66

e-mail: alibaevamahliy@gmail.com 

SharipovaM

Шарипова Мунира Саломиддиновна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 918 67 21 20

e-mail: sharopovam@icloud.com 

RahimovA

Раҳимов Ардавон Сабоҳиддинович

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр

Тел: +992 100 09 24 76;

e-mail: bobak.tj@bk.ru 

HasenovaM

Ҳасенова Малика Латиповна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи дуюм

Тел: +992 901 70 06 25;

e-mail: malika110194@icloud.com 

IsmoilovI

Исмоилов Исроил

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 901004245;

JobirovA

Ҷобиров Алиҷон Рустамбекович

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, асабшинос

Тел: +992 918 81 77 96

e-mail: alidzhobirov@mail.ru 

IsmoilzodaS

Исмоилзода Сиёвуш Шералӣ

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: асабшинос

Тел: +992 918 21 23 17;

e-mail: siyovush.ismoilzoda.2021@gmail.com 

ShukronovaN

Шукронова Нурия Қурбоналиевна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: асабшинос

Тел: +992 918 31 47 59;

e-mail: shukronovanur1999@gmail.com 

BurhonovaU

Бурҳонова Умеда Қосимовна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: асабшинос

Тел: +992 901 98 28 82;

e-mail: umedaburhonova99@gmail.com 

NorovT

Норов Темур Маҳмудродович

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: асабшинос

Тел: +992 918 81 77 96;

e-mail: temurnorov373@gmail.com 

KamolovI

Камолов Ифтихор Камолович

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: психиатр, духтури дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 918 67 21 20

e-mail: sharopovam@icloud.com 

Alifshoeva

Алифшоева Назора Назаровна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: асабшинос

Тел: +992 987 51 33 22;

e-mail: zoshinka89@gmail.com 

Akhunova

Ахунова Фархундахон Ғайратовна

Вазифа: и.в. ассистент

Дараҷаи илмӣ: -

Ихтисос: равоншинос

Тел: +992 111174611;

e-mail: faridunovaf@mail.ru 

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифавии мудири кафедра

Дастурамали вазифавии профессори кафедра

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лаборанти кафедра

 

Ба рӯйхат