Кафедраи травматология-ортопедия ва ҷарроҳии ҳарби саҳроӣ
Таърихи азнавсозӣ: 07.11.2026
МУДИРИ КАФЕДРА
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи травматология-ортопедия, ҷарроҳии ҳарби саҳроӣ яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи июл соли 2024 дар заминаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ таъсис дода шудааст. Фармоиши №04-352 аз 1 июли соли 2024 кафедра дар асоси шартнома байни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” ва роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ” таъсис дода шудааст.
Аз рӯзи таъсиси кафедра то имрӯз и.в. мудири кафедра Раҷабзода М.М. номзади илмҳои тиб, роҳбарӣ карда истодааст. Соли аввали таҳсил дар кафедра 6 нафар мутахассисон (ассистентҳо) аз ҷумла Раҷабзода М.М. (и.в мудири кафедра) ва дигар мутахассисон, муаллимони кафедра фаъолият мебурданд.
Дар кафедра аз рӯи як фан - осебшиносӣ - ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таълим дода мешавад.
КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Кафедра дар ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои кафедра, бо асбобу таҷҳизотҳои аёнӣ барои раванди таълим саҳмгузор буда, ҳамавақт кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки раванди таълиму тарбия, аз ҷумла машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯён дар сатҳи баланд гузаронида шавад.
Дар кафедра аз рӯи як фан: ортопедӣ-осебшиносӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ба донишҷӯён дарс дода мешавад. Ба донишҷӯёни хориҷӣ низ аз рӯи ҳамин фан бо забони англисӣ таълиму тадрис ба роҳ монда шудааст, ки машғулиятҳо ба забони англисӣ сурат мегиранд. Омӯзгорон ва кормандони кафедра барои беҳтар намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ кӯшиш менамоянд. Барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ устодон аз усулҳои муосири таълим васеъ истифода бурда, пайваста такмил медиҳанд.
Утоқҳои таълимӣ бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои баланд бардоштани раванди сифати таълим нақши асосиро мебозад.
Аз фанни ортопедӣ-осебшиносӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ, донишҷӯёни курси 5-уми ихтисосҳои кори табобатӣ, психологияи тиббӣ ва ҳамчунин донишҷӯёни хориҷӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд.
Донишҷӯён аз рӯи низоми кредитӣ-модули таълим мегиранд.
ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРА
Кафедра давоми фаъолияти худ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид, аз ҷумла: як китоб “Луғати тоҷикӣ-русии алоимҳо ва аломатҳои клиникӣ дар осебшиносӣ ва ортопедӣ”, дастури таълимии “Баромади модарзодии ронҳо”, ки ба китобхонаи донишкада низ дастрас карда шудааст.
КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТӢ
Кафедра дар самти татбиқи корҳои илмӣ таҳқиқотӣ як қатор корҳои судмандро ба субут расонид. Дар муддати 3 сол аз ҷониби кормандони кафедра 3 мақола ва 17 фишурда дар маҷаллаи Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон нашр шудааст. Ҳамзамон кормандони кафедра дар конфронсҳо, форумҳо, симпозиумҳои дохили Тоҷикистон ва берун аз кишвар иштирок кардаанд, аз ҷумла: шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин, вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайраҳо.
Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод ва унвонҷӯён фаъолият дорад. Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода мешаванд.
КОРҲОИ ТАРБИЯВИИ КАФЕДРА
Корҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон буда, бо донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва психологияи тиббӣ пайваста дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, бахусус риояи одоб ва деонтологӣ кор бурда мешавад.
Қабл аз оғози дарс, соатҳои тарбиявӣ омӯзгорони кафедра ба донишҷӯён дар бораи одобу ахлоқ, одоби сухан, экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, тарзи либоспӯшии ба талабот ҷавобгӯ, давомоти донишҷӯён ба дарс ва ғайра суҳбат мегузаронанд.
БАЗАИ КЛИНИКИИ КАФЕДРА
Айни ҳол дар кафедра 2 нафар н.и.т. ва 3 нафар унвонҷӯ фаъолият карда истодааст. Ҳайати кафедра 8 нафар иборатанд.
Кафедра дар заминаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ фаъолият намуда, аз як ҳуҷраи лексионӣ, бо проэктор ва тахтаи электронӣ ҷиҳозонида шуда ва чор ҳуҷраи дарсӣ, ки бо асбобҳои аёнии дарси муҷаҳҳаз буда, амал мекунад. (аз чумла овезаҳо, намуна скелети одам, мизу курсиҳо, компютерҳо ва ғайра).
КОРҲОИ ТАБОБАТӢ МАШВАРАТӢ
Корҳои табобатӣ – машваратиро кафедраи травматология-ортопедия, ҷарроҳии ҳарбии саҳроӣ дар МД Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ , МД ММҶТ “Шифобахш” ва дар шуъбаҳои беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои табобатӣ – машваратӣ мегузаронанд.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРА