Кафедраи бемориҳои кӯдакона
Мижгони Сорбон
Вазифа: мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 918677448
E-mail:
Таърихи кафедра
Кафедраи бемориҳои кӯдакона яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, моҳи январи соли 2022 таъсис ёфтааст (Фармони №04-37 аз 27 январи соли 2022).
Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз роҳбарии кафедраро Мижгони Сорбон, номзади илмҳои тиб, ба уҳда дорад.
Мудири кафедра рисолаи номзадии худро соли 2018 дар мавзуи «Ҷанбаҳои клиникӣ ва иҷтимоии гуманизатсияи ёрии тиббӣ ба кӯдакони навзод» бомуваффақият ҳимоя намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ ба такмили хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакони навзод, беҳтарсозии равандҳои клиникӣ ва масъалаҳои иҷтимоии соҳаи педиатрия равона гардидаанд.
Аз замони таъсисёбӣ кафедра дар самти таҳкими пойгоҳи таълимӣ, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва густариши ҳамкориҳои клиникӣ қадамҳои устувор гузоштааст.
Базаи клиникии кафедра
Кафедра яке аз воҳидҳои сохтории фаъоли донишкада буда, фаъолияти худро дар самтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ ба роҳ мондааст. Ҳадафи асосии кафедра омода намудани мутахассисони баландихтисос, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири бозори меҳнат мебошад.
Айни ҳол дар ҳайати кафедра 1 нафар доктори илмҳои тиб, профессор ва 1 нафар номзади илмҳои тиб фаъолият менамоянд. Ҳайати умумии кафедра аз 14 нафар иборат буда, аз ҷумла 6 нафар корманди асосӣ, 1 нафар корманди ҳамкор ва 7 нафар омӯзгорони берунӣ мебошанд.
Собиқаи фаъолияти омӯзгорон аз 4 то 20 солро дар бар гирифта, омӯзиши таҷрибаи ғании устодони варзида ва неруи ҷавони мутахассисонро инъикос менамояд. Ин омил барои таъмини сифати баланди таълим ва рушди фаъолияти илмӣ мусоидат мекунад.
Устодони кафедра мунтазам дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, маводи таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ фаъолона иштирок менамоянд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии онҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ба нашр расида, дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Кафедра дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва табобатӣ фаъолияти худро густариш дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии донишҷӯён, инчунин такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Корҳои табобатӣ – машваратӣ
Корҳои табобатӣ - машваратиро кафедраи бемориҳои кӯдакона дар бинои асосии донишкада ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, фаъолияти табобатӣ – машваратӣ дар заминаи муассисаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- Маркази дастгирии оила ва кӯдаки№1;
- Маркази дастгирии оила ва кӯдаки№2;
- Шифобахш (шуъбаи қабули соматикӣ);
- МаҷмааиИстиқлол;
- Маркази шаҳрииҳамбастагиибемориҳоикӯдакона
Кормандони кафедра дар шуъбаҳои зерин корҳои табобатӣ – машваратӣ, ташхис ва назорати клиникиро мегузаронанд:
- Шуъбаи модар ва кӯдак
- Шуъбаи синни бармаҳал
Илова бар ин, омӯзгорони кафедра дар раванди машғулиятҳои амалӣ аз маркази симулятсионӣ васеъ истифода мебаранд. Ин имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён малакаҳои амалии худро дар шароити ба воқеият наздик такмил дода, сатҳи омодагии касбии худро баланд бардоранд.
Фаъолияти табобатӣ – машваратии кафедра ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва таҳкими робитаи назария бо амалия равона гардидааст.
Корҳои таълимӣ- методӣ
Кафедраи Бемориҳои кӯдакона яке аз воҳидҳои фаъоли таълимии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” ба шумор рафта, дар самти ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, инчунин таъмин намудани раванди таълим бо асбобу анҷом ва воситаҳои аёнӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар кафедра таълим аз рӯи ду фан ба роҳ монда шудааст:
1.Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона;
- Педиатрия.
Машғулиятҳо ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор мегарданд. Бо дарназардошти таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада, дарсҳо барои онҳо пурра ба забони англисӣ гузаронида мешаванд.
Омӯзгорон ва кормандони кафедра барои такмили корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, нашриётӣ ва тарбиявӣ пайваста кӯшиш менамоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ устодон аз усулҳои муосири таълим васеъ истифода бурда, онҳоро мунтазам такмил медиҳанд. Кабинетҳои таълимӣ бо асбобҳои аёнӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки дар баланд бардоштани сифати раванди таълим нақши муҳим доранд. Дар китобхонаи донишкада адабиёти таълимӣ ба се забон -тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад.
Барномаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои «Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона» ва «Педиатрия» ба се забон таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Маводҳои таълимӣ асосан ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода шудаанд.
Аз фанни «Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона» донишҷӯёни курси 3-юми ихтисосҳои «Кори табобатӣ» (аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ) таҳсил менамоянд. Аз фанни «Педиатрия» донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси «Стоматология», курси 4-уми ихтисоси “Психологияи тиббӣ”, курсҳои 3-юм, 4-ум, 5-ум ва 6-уми «Кори табобатӣ» ва курси 3-юм, 4-ум ва 5-уми «Кори табобатӣ» (донишҷӯёни хориҷӣ) машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд.
Раванди таълим тибқи талаботи Низомномаи низоми кредитӣ-модулии таҳсилот ба роҳ монда шуда, ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисос равона гардидааст.
Корҳои тарбиявии кафедра
Корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кафедраи Бемориҳои кӯдакона маҳсуб ёфта, бо донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ ва психологияи тиббӣ мунтазам дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.
Фаъолияти тарбиявӣ пеш аз ҳама ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ равона гардидааст. Ба масъалаҳои одоби касбӣ ва деонтологияи тиббӣ диққати махсус дода шуда, донишҷӯён дар руҳияи эҳтиром ба бемор, ҳамкасбон ва арзишҳои миллӣ тарбия меёбанд.
Қабл аз оғози машғулиятҳо омӯзгорони кафедра бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои зерин суҳбату мулоқотҳо баргузор менамоянд:
- риояи одобу ахлоқ ва одоби сухан;
- талаботи деонтологияи тиббӣ;
- пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм;
- мубориза бар зидди коррупсия;
- риояи тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои либоспӯшии мувофиқ ба талаботи муассисаи таълимӣ;
- таъмини давомоти мунтазами донишҷӯён ба дарсҳо.
Ин чорабиниҳо ба ташаккули ҷаҳонбинии солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат намуда, дар омода намудани мутахассисони салоҳиятнок ва дорои ахлоқи баланди касбӣ нақши муҳим мебозанд.
Корҳои илмӣ - тадқиқотӣ
Дар давоми 4 соли охир аз ҷониби кормандони кафедра 60 мақола ва 31 фишурда дар маҷаллаҳои «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», «Педиатрияи Қазоқистон», «Модар ва кӯдак», «Ҷарроҳии кӯдакона», «Тиб дар сарчашмаҳои ҳаёт», «Симурғ», «Паёми Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» ва «Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба нашр расидаанд.
Ҳамзамон, омӯзгорони кафедра дар конференсияҳо, форумҳо ва симпозиумҳо ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар фаъолона иштирок намудаанд.
Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра дар фаъолияти ҳаррўзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода мешаванд.
Аз ҷониби ҳайати кормандон ва омӯзгорони донишкада, Шаҳодатнома (нахустпатенти №TJ 1376) ПАТЕНТ дар мавзӯи “Таркиб барои табобати бемории узвҳои ГГБ”, 19 январи соли 2023 аз Идораи Патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтанд.
Дастовардҳои кафедра
Мудири кафедра, Мижгони Сорбон, номзади илмҳои тиб, барои хизматҳои шоён дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва матбуот бо як қатор мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд:
- соли 2008 - бо нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- соли 2017 - бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- соли 2023 - бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- соли 2023 - бо Медали ҷашнӣ бахшида ба 90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
- Соли 2026 – бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Ҳамчунин, омӯзгори кафедра Мамуров Д. соли 2023 бо нишони «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.
Ин дастовардҳо саҳми арзандаи ҳайати омӯзгорони кафедраро дар рушду такомули соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар бозгӯ менамояд.
Дастовардҳои донишҷӯён дар олимпиадаҳои байналмилалӣ
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кафедраи бемориҳои кӯдакона ҷалб намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои илмӣ ва чорабиниҳои таълимии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Кафедра барои баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши фанни педиатрия, рушди қобилияти таҳлили клиникӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва такмили малакаҳои касбии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Донишҷӯёне, ки фанни педиатрияро меомӯзанд, дар олимпиадаҳои байналмилалии тахассусӣ фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани сатҳи баланди дониш, омодагии назариявӣ ва қобилияти таҳлили масъалаҳои клиникӣ соҳиби натиҷаҳои назаррас мегарданд. Аз ҷумла, соли 2025 донишҷӯ Мелибоев Хусрав Аҳрорҷонович дар олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯйи фанни педиатрия иштирок намуда, дар номинатсияи дахлдор бо сертификат ва диплом қадрдонӣ гардидааст. Ин дастовард шаҳодат аз сатҳи хуби омодагии донишҷӯ ва натиҷаи корҳои таълимию методии кафедра мебошад. Ҳамчунин, моҳи майи соли 2026 донишҷӯи курси чоруми ихтисоси «Кори табобатӣ» Шарипов Мамасаид Рустамович дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни педиатрия, ки дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Ин пирӯзӣ яке аз дастовардҳои назарраси кафедра ба шумор рафта, нишондиҳандаи сатҳи баланди дониш, омодагии касбӣ, қобилияти таҳлили масъалаҳои клиникӣ ва маҳорати илмии донишҷӯ мебошад. Ҳамзамон, чунин натиҷаҳо аз фаъолияти мақсадноки омӯзгорон дар самти омодасозии донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва рушди иқтидори зеҳнию касбии онҳо шаҳодат медиҳанд.
Иштироки донишҷӯён дар конференсияҳои илмӣ
Дар баробари иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, донишҷӯёни кафедраи бемориҳои кӯдакона дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои илмии дохилидонишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра маърӯзаҳои илмӣ омода намуда, масъалаҳои мубрами педиатрия, бемориҳои кӯдакона, хусусиятҳои ташхис ва табобати бемориҳои синни кӯдакӣ, пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатии кӯдакон ва нигоҳубини навзодонро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд. Иштирок дар чунин чорабиниҳо ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро амиқтар намуда, малакаҳои таҳлили илмӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, омода намудани маърӯзаҳо, баромадҳои илмӣ ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқотро инкишоф диҳанд. Ҳамзамон, иштироки донишҷӯён дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои шиносоӣ бо дастовардҳои муосири илми педиатрия, мубодилаи таҷриба бо донишҷӯён ва муҳаққиқони дигар муассисаҳои таълимӣ, инчунин густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва касбии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Кафедра минбаъд низ ба ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба олимпиадаҳои фаннӣ, конференсияҳои илмӣ ва озмунҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди қобилияти илмӣ, тафаккури клиникӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯён нишон медиҳанд, ки кафедраи бемориҳои кӯдакона дар баробари иҷрои вазифаҳои таълимӣ ба рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод ва муаррифии иқтидори илмии донишкада дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Ин муваффақиятҳо барои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра заминаи мусоид фароҳам оварда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самараноки таълимӣ, илмӣ ва касбӣ ҳидоят менамоянд.
Ҳайати кормандони кафедра:
Мижгони Сорбон
Вазифа: Мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 918677448
Электронная почта: mijgon70@list.ru
Икромов Турахон Шарбатович
Вазифа:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 919000260
Электронная почта: ikromov0368@mail.ru
Ахмедова Рано Рахматовна
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 777007611
Электронная почта: ranoakhmedova18@gmail.com
Кулдашова Гулноз
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 919220430
Электронная почта: hojaev@gmai.com
Мирзоев Қувватали Астоноқулович
Вазифа: ассистент
Унвони илмӣ :
Ихтисос: педиатр
Сафарова Зулфия Акобировна
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 908441957
Электронная почта: zsafarova1157@gmail.com
Қаюмова Марҳабо Аминҷоновна
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 903800888
Электронная почта: qmarhabo2310@gmail.com
Раҳмонов Некруз Абдуқаҳорович
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 929944747
Электронная почта: rahmonovnekruz410@gmai.com
Маҳмадхонова Хуршеда Миралиевна
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 903107030
Электронная почта: makhmadnozanin@gmail.com
Бегматова Маҳина Анварҷоновна
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 117110221
Электронная почта: mahina.anvari@gmail.com
Ҳокимова Азиза Сулаймоновна
Вазифа: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ихтисос: педиатр
Тел: +992 902000424
Электронная почта: hokimovaa@96gmail.com
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра