Факултети тиббӣ
Факултети тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» ҳамчун воҳиди сохтории таълимӣ-илмии муассиса, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла банди 118-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ», зербанди 14.1 ва банди 93-и боби 11-и «Оинномаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”», аз 1 сентябри соли 2020 таъсис дода шудааст.
Факултети мазкур нахустин ва яке аз зерсохторҳои калидии донишкада маҳсуб ёфта, дар ташаккул ва рушди фазои ягонаи таълимӣ, илмӣ ва методии муассиса нақши меҳварӣ мебозад. Аз лаҳзаи таъсисёбӣ то 10 январи соли 2021 роҳбарии факултетро Талабов Одина Давлатович ба уҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2021 то имрӯз роҳбарии факултетро номзади илмҳо, Ризоева Гулнора Икромовна амалӣ намуда истодааст.
Ризоева Гулнора Икромовна 14 апрели соли 1982 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1989 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дохил гардида, соли 1999 онро бо аттестати аъло хатм намудааст. Дар давраи таҳсил бо нишондиҳандаҳои баланди таълимӣ ва фаъолнокии ҷамъиятӣ фарқ намуда, ҳамчун яке аз аввалин гирандагони Стипендияи Президентӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия эътироф гардидааст.
Соли 1999 тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултети дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2004 онро бо ихтисоси дорусозӣ ва дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти касбии худро дар соҳаи фармасевтӣ оғоз намуда, дар як қатор муассисаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратии соҳа дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намудааст. Аз ҷумла, солҳои 2005–2006 ба ҳайси муовини мудири дорухонаи филиали №5 ҶДММ «Доруи Тоҷик», солҳои 2006–2008 мудири дорухонаи филиали №2 Корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитед», солҳои 2008–2010 мудири дорухонаи филиали №10 ҶДММ «Капитал» ва солҳои 2010–2012 мудири дорухонаи филиали №1 ҶДММ «Шаҳром 2010» фаъолият намудааст, ки ин таҷриба ба ташаккули салоҳиятҳои идоракунӣ ва касбии ӯ мусоидат намудааст.
Бо мақсади такмили ихтисос ва рушди салоҳиятҳои коммуникативӣ, солҳои 2013–2015 дар Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ аз рӯи барномаи омӯзиши забони англисӣ таҳсил намуда, соҳиби чор сертификати дахлдор гардидааст. Ҳамзамон, солҳои 2016–2019 таҳсилоти дуюми олиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи ихтисоси омӯзгори забони англисӣ (шакли ғоибона) гирифта, онро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро аз Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода оғоз намуда, дар вазифаҳои ассистенти кафедраи назария ва амалияи тарҷума (2015–2016), ассистенти кафедраи забонҳои романӣ-германӣ (2016–2018) ва муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ (2018–2019) фаъолият намудааст. Дар баробари ин, ба сифати омӯзгори ҳамкор дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе аз фанҳои фармакология ва технологияи дорусозӣ дарс гуфтааст.
Солҳои 2019–2020 вазифаи декани факултетҳои «Кори фармасевтӣ», «Кори табобати дандон» ва «Кори дандонсозӣ»-ро иҷро намуда, аз моҳи феврали соли 2020 то имрӯз декани факултети тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» мебошад.
Дар баробари фаъолияти маъмурӣ ва омӯзгорӣ, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолона машғул буда, 23 феврали соли 2021 дар Шурои муттаҳидаи диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадии худро аз рӯи ихтисоси 10.02.19 — назарияи забон, дар мавзӯи «Муроҷиат ҳамчун навъи воқеият дар забон ва фарҳанги забон» бомуваффақият дифоъ намудааст.
Бо мақсади такмили салоҳиятҳои педагогӣ ва равонӣ, аз 15 то 27 ноябри соли 2021 курсҳои такмили ихтисос аз рӯи барномаҳои «Педагогика» ва «Психология»-ро хатм намудааст.
Айни замон, дар баробари иҷрои вазифаи роҳбарӣ, фаъолияти таълимиро аз рӯи фанҳои фармакогнозия, фармакология, технологияи дорусозӣ ва забони англисӣ ба роҳ монда, ҳамзамон ба корҳои таҳқиқотии докторӣ машғул мебошад. Ӯ муаллифи як монография, ду дастури таълимӣ, шаш барномаи таълимӣ ва зиёда аз 28 мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад, ки дар рушди илми соҳавӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Соли 2025 факултети «Идораи давлатӣ»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст.
Дар давраи фаъолияти касбӣ бо як қатор мукофотҳо ва нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардидааст, ки аз ҷумла нишони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016), нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019), нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2020), инчунин як қатор ифтихорномаҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Деканати факултет ҳамчун зерсохтори муҳими низоми идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои илмият, низомнокӣ, шаффофият ва самаранокӣ ба роҳ монда, вазифаҳои асосии он аз банақшагирӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-методӣ иборат мебошад. Инчунин, деканат мониторинги мунтазами сифати таълим, сатҳи азхудкунии донишҷӯён, риояи интизоми таълимӣ, фаъолияти кафедраҳо ва таҳкими ҳамкориҳои дохилию хориҷиро таъмин менамояд.
Факултети тиббӣ дар самти омода намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи тиб, ки дорои дониши амиқи назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва салоҳиятҳои касбӣ мебошанд, фаъолияти худро мутобиқ ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалии таҳсилоти олӣ ба роҳ монда, дар рушди захираҳои инсонӣ ва пешрафти соҳаи тандурустии кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Дар факултети тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» раванди рушди контингенти донишҷӯён дар солҳои фаъолияти он тамоюли устувори афзоишро нишон медиҳад. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2020–2021 шумораи умумии донишҷӯён 166 нафарро ташкил медод, дар ҳоле ки дар соли таҳсили 2025–2026 ин нишондиҳанда ба 1750 нафар расидааст, ки афзоиши назарраси шумораи донишҷӯёнро дар ихтисоси «Кори табобатӣ» инъикос менамояд.
Ҳамзамон, факултет дорои муҳити байналмилалии таълим буда, дар он 406 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 8 давлати дуру наздик таҳсил менамоянд. Аз ҷумла, 374 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 26 нафар аз Ҷумҳурии Нигерия ва намояндагони кишварҳои Ҷумҳурии Малавӣ, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ (аз ҳар кадом 1 нафар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин омил аз сатҳи ҷалбшавии байналмилалӣ ва рақобатпазирии факултет дар фазои таҳсилоти олии тиббӣ шаҳодат медиҳад.
Ба хатмкунандагони факултет пас аз анҷоми таҳсил диплом аз рӯи ихтисоси «Кори табобатӣ» бо додани дараҷаи тахассусии «мутахассис» тақдим мегардад. Шакли таҳсил рӯзона буда, муҳлати таҳсил 6 солро дар бар мегирад ва ба талаботи стандартҳои миллию байналмилалии таҳсилоти олии тиббӣ мутобиқ мебошад.
Мазмуни барномаи таълимӣ ба таври пайдарпай ва мутобиқ ба принсипи пайвастагии фанҳо (интегратсия) роҳандозӣ гардида, марҳилаҳои ибтидоии таҳсил фарогири фанҳои заминавии табиӣ ва тиббӣ-биологӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, анатомия, гистология, химияи биологӣ ва физиология мебошад. Дар марҳилаҳои минбаъда донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои тахассусии клиникӣ, аз қабили офталмология, оториноларингология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, акушерӣ ва гинекология, асабшиносӣ, бемориҳои сироятӣ, онкология, фтизиопулмонология, урология ва дигар бахшҳои муҳими тиббӣ ҷалб карда мешаванд.
Хусусияти муҳими раванди таълим дар факултет ин ҷорӣ намудани унсурҳои таҳқиқоти илмӣ аз зинаҳои ибтидоии таҳсил мебошад. Аз соли аввали таҳсил донишҷӯён имконият доранд, ки дар доираи ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардида, малакаҳои таҳлилӣ, тадқиқотӣ ва тафаккури интиқодиро рушд диҳанд.
Дар анҷоми курси шашум, мутобиқи талаботи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилоти олии тиббӣ, бо хатмкунандагон имтиҳони давлатии хатм гузаронида мешавад, ки сатҳи омодагии касбӣ, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии онҳоро ба таври комплексӣ арзёбӣ менамояд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти факултет ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб равона гардида, бо дарназардошти талаботи муосири бозори меҳнат, рушди илми тиб ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим амалӣ карда мешавад.
РУЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО
- Низомномаи факултет
- Низомномаи Шурои олимони факултет
- Стратегияи рушди факултети тиббӣ
- Дастурамали вазифавии декани факултет
- Рисолати ихтисоси кори табобатӣ
- Стандарти давлатии таълимии ихтисоси 1-79 01 01 "Кори табобатӣ"
- Нақшаи таълимии тиббӣ
- Нақшаи таълимии тиббӣ (барои шаҳрвандони хориҷӣ, мутахассис)
- Нақшаи таълимии тиббӣ (барои шаҳрвандони хориҷӣ, бакалавр)
- Барномаи таълими аз рӯи самт
- Руйхати фанҳои эллективӣ барои курсҳои 3-6
- Низомнома оид ба имтиҳони клиникии сохтории объективӣ
- Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳлили вазъи кунунӣ ва муайян кардани ҳадафҳо ва вазифаҳои барномаи таълимӣ
- НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ - ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН” ОИД БА ТАТБИҚИ ТАВСИЯҲОИ
КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ БЕРУНИИ ДАР ЧАЛАСАИ ШУРОИ АККРЕДИТАТСИОНИИ АГЕНТИИ
МУСТАКИЛИ АКРЕДИТАТСИОНИ ВА РЕЙТИНГИИ АЗ 31.05.2024 (ПРОТОКОЛИ № 84) БАРОИ ДАР ОЯНДА БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ 1-790101 КОРИ ТАБОБАТЙ РАВОНА
ГАРДИДА - Барномаи усули арзёбии объективии дониш ва малака барои мудирон ва ассистентони кафедраҳои клиникии МТҒ ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”
- Феҳристи фанҳои элективӣ
- Низомнома дар бораи усули объективии арзёбии дониш ва малака (osce)