Кафедра патологической анатомии и судебной медицины


 

Мирзоева Соҳиба        Рустамовна

Мудири кафедра 

E-mail: Sohibarustamovna@gmail.com

Телефон: +992800106641

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

          Кафедраи “Анатомияи патологӣ” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2020 № 04-29 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст. Аз ҳамон вақт иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра муаллими калон Мирзоева С.Р. таъин шудааст. Кафедра    фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳои ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва Қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”  ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тибб мебошад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ   “АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ ВА ТИББИ СУДӢ”

1.Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанни анатомияи патологӣ, ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.

2.Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои анатомияи патологӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.

3.Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ,  машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).

4.Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотои илмии  навтарин.

5.Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.

6.Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.

7.Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.

8.Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.

       ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ “АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ ВА ТИББИ СУДӢ”

   Дар кафедра 1 номзади илми тибб, дотсент, Шарипов Ҳ.Ю., 4-то унвонҷӯй Раҳматуллоев А.А. , Мавлонов М., Имомов Б., Қурбонова И. ва 5-то ассистент  кор ва фаъолият мекунанд. Дар  соли таҳсили 2023 ҳайати кормандони кафедра – 10 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 1 нафар омӯзгори асосӣ-Раҳматуллоев А.А. ва дигарон  (9 нафар) омӯзгори ҳамкор- Шарипов Ҳ.Ю., Мавлонов М., Имомов Б., Қурбонова И., Розиқов Н., Мирзораҳимов М., Муродова Ф.С., Султонмамадов А.А. ва Ахмедова Р.             

КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

      Дар кафедра лексияҳо гузаронида мешаванд ва дарсҳои амалӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Лексияҳоро н.и.т., дотсент Шарипов Х.Ю., ассистентҳо Мавлонов М., ба донишҷӯёни хориҷӣ ва мехонанад. Лексияҳо бо презентатсияҳо нишон дода мешаванд, аз амалияи патологҳо мисолҳо оварда мешаванд.                                           
         Донишҷӯён дар кушодани ҷасад дар морги экспертизаи судӣ ва омодасозии бахшҳои гистологӣ дар лабораторияи гистологӣ иштирок мекунанд. Инчунин, донишҷӯён дар синфҳои амалӣ макро- ва микропрепаратҳоро меомӯзанд, дар албомҳо онҳоро нақш мебанданд ва масъалаҳои вазъиятиро ҳал мекунанд. Дар ҳар як ҳуҷраи омӯзишӣ микроскопҳо барои микропрепаратҳо ҷойгир ҳастанд.                                                                                                                                                                Кормандони кафедра китоби дарсии «Анатомияи патологии ҷузъӣ» - ро бо забони тоҷикӣ навишта ба чоп супориданд. Инчунин навиштани китоби дарсӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ идома дорад. Айни замон, дар кафедра маводҳои таълимӣ барои азхуд кардани мавзӯъ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба миқдори кофии мавҷуд ҳастанд. Инҳо китобҳои асосии таълимӣ мебошанд: “Анатомияи патологӣ” (таҳрираш А. Струков ва В. В. Серов 2012) бо забони русӣ. Китоби дарсӣ аз ҷониби кормандони кафедра бо забони давлатӣ таҳия шудааст (тоҷикӣ): Боронов Х., «Анатомия ва патологҳо» (2017) ва «Анатомия ва этилолӣ» (2011), С.Бодов, Э. Тагойқулов, С.Мирзоева, “Анатомия ва патологияи ковокии даҳон” Ибодов С.Т., Боронов Х.А. ва Таѓойқулов Э.Х. (2015), дастур бо забони англисӣ «Анатометренинги патологӣ» аз Раҷабова А., Ибододов С.Т. ва Шарипов Ҳ.Ю. (2018).

       Таълими анатомияи патологӣ мақсад дорад, ки дар корманди тиббӣ оянда дониши асосҳои патологияро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Дар системаи тиб ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб фанни анатомияи патологӣ мавқеи муҳимро ишѓол мекунад. Анатомияи патологӣ асоси морфологии бемориро меомўзад. «Бемори ин қобилияти мављудияти организм ба дигаргуншавии шароити муҳити атроф мебошад». Н.Б.Давидовский.

     Дар аввал дигаргуниҳоро бо чашми оддӣ ва баъд дар зери микроскоп мебинанд (микроскопӣ).

Вобаста ба талаботхои муосир  дар ЉТ нисбат ба маълумотҳои тибби омўхтани донишчўён дар донишкада ва донишгоҳҳои олии тиббӣ оиди анатомияи патологӣ, донистани дигаргуниҳои амиқ дар организм, ки мавриди беморӣ ба амал меояд бениҳоят зарур мебошад. Анатомияи патологӣ фанни клиникӣ ба шумор рафта сабаби пайдоиши беморӣ, (этиология), механизми пайдоиши беморӣ (патогенез) дигаргуниҳои макро- ва микроскопӣ, оқибат ва оризаҳои бемориро меомўзад.

          Дар кафедра донишҷӯени курсҳои 3-юми факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ ва психологияи тиббӣ аз фанни анатомияи патологӣ  таҳсил мекунанд.   Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

             Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 8 барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанни анатомияи патологӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ ва психологияи тиббӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Аз рӯи фан 800 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикр шуда дар  кафедра омода шудааст.

КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ

         Кафедра  дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,  дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани  ҷавонони лаёқатманд   дар доираи илм фаъолият мебарад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, кори иҷтимоӣ ва фармакология бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти № 148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 дар кафедра  аз 10.10. соли 2022 (таҳти № 546а) бо фармоиши проректор оид ба илм ва инноватсия  Ахмедов А. маҳфили фаннии “Табибони ҷавон”, дар назди кафедраи “Анатомияи одам” ва “Анатомияи патологӣ” таъсис дода шуд. Маҳфили фаннӣ аз рӯи нақшаи кории аз тарафи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Аъзои вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.т., профессор Ахмедов А.А. тасдиқ шуда, мавзӯъҳои баррасишаванда ва чорабиниҳоро гузаронида истодааст. 

       Аз тарафи  омӯзгорони кафедра дар ду  соли фаъолияти кафедра 2- то дастури таълимӣ, 4 мақола ва 6 – то фишурда   дар  конфронсҳои байналмиллалӣ  ва ҷумҳуриявӣ  ва дар маҷаллаҳои КОА ба чоп расидааст.  

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

      Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра буда,  дар вақтҳои соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳо амалӣ, хондани лексияҳо гузаронида мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.п., Охунов Б.Х. мувофиқа ва тасдиқ карда шуда, бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, санаҳои ҷисмонӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ  дарбар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани уфуқ ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.

         Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯен дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ сӯҳбат мекунанд.

Дар кафедраи “Анатомияи патологӣ” тибқи нақшаи кори кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Маълумотнома оид ба кафедраи “Анатомияи патологӣ” – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”

       Кафедраи “Анатомияи патологӣ” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022 № 04-29 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.

    Кафедраи “Анатомияи патологӣ” дар маҷмааи “Истиқлол” – и ш. Душанбе қарор дорад. Дар кафедра 6-то ҳуҷраи таълимӣ, 2-то толори лексионӣ ва озмоишгоҳ мавҷуд аст. Ҳамаи утоқҳои таълимӣ бо банерҳо ва аёниятҳои дидактикӣ ҷиҳозонида шудаанд.

        Омӯзгорон дар кафедра   барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандӯзӣ,  аз услубу  усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим истифода мебаранд. Барои бештар азхуд намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва лексияҳо слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва доскаи электронӣ истифода мешаванд. Дар мулуҳо мавзўъи дарсӣ намоиш дода мешаванд. Донишљўён низ аз рўи банерҳо, мулуҳо ва узвҳои алоҳида донишандўзӣ намуда ба дарсҳо тайёрӣ мебинанд.

     Ҳангоми машғулиятгузорӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ кафедра аз маводҳои аудио-визуалӣ  васеъ истифода мебарад.

     Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА

  • Сатторов Саидбек

    Мирзоева Соҳиба Рустамовна 

    - Вазифа: мудири кафедраи “Анатомияи патологи ва тибби судӣ

    - Унвони илмӣ: муаллимаи калон

    Тел: +992 800 10 66 41

    Почтаи электронӣ: Sohibarustamovna@gmail.com

  • Назармамадова Соҳибҷамол

    насаб-Хоҷаев

    ном-Саидрасул

    вазифа-ассистент

    ихтисос- духтури Асабшинос

    Тел: +992 005 99 99 75

    Почтаи электронӣ:saidkhojaev.2306@gmai.com

  • Мирзоева Фазила

    насаб-Азимбобо

    ном-Нураҳмадзода

    вазифа-ассистент

    ихтисос-Духтури Уролог

    Тел: +992 009 09 88 95

    Почтаи электронӣ:nurahmadzodaazimbobo@gmail.com

     

     
  • Мавлоназарова Сулҳия

    насаб-Нарзуллоева

    ном-Нигора

    вазифа-ассистент

    ихтисос-Духтури Кардиолог

    Тел: +992 888 80 19 02

    Почтаи электронӣ:  Nigora-2010@mail.ru

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

 

Назад к списку