Шурои раёсати МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" аз таҳияи чорабиниҳо оид ба тарзи дурусти роҳбарии кори донишкада ва амалӣ гардонидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифу илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қарорҳои ҳайати мушовара ва дигар қарорҳои қабулкардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои дастурӣ оид ба инкишофи минбаъдаи таҳқиқотҳои илмӣ ва ба амал овардани корҳои тарбиявӣ, ҳалли масъалаҳо оид ба самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ иборат мебошад.
Шурои раёсати донишкада дар ҳайати зайл ташкил карда мешавад: ректор (раис), котиби Шурои раёсат, котиби Шурои олимон, муассиси донишкада, муовинони ректор, деканҳо, раиси иттифоқи касабаи кормандони донишкада, сармуҳосиб, сардори шуъбаи кадрҳо, сардори раёсати таълим, директори Маркази клиникӣ, таълимӣ-амалӣ, мудири Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, мудири шуъбаи маъмурию хоҷагидорӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, раиси Шурои бонувон ва намояндаи ҳайати донишҷӯёни донишкада. -ректор, проректорҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедра, китобхона, роҳбарони марказҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар намояндагони донишкада дохил мешаванд.
Шурои раёсат масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:
Муҳокима ва хулосаи пешакии масъалаҳои ба ҷаласаи Шурои олимони донишкада пешниҳодшаванда;
Баррасии ҳисобот дар бораи фаъолияти 3, 6, 9 -моҳа ва солонаи донишкада;
Баррасии гузориш ба омодагии базаи моддӣ - техникӣ ва таълимии донишкада ба оѓози соли нави таҳсил ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон;
Тасдиқи нақшаи кори деканатҳо;
Баррасии мунтазами ҳисоботҳо оид ба кори кафедра ва курсҳо;
Тасдиқи ҷадвали кории сохторҳои таркибии донишкада дар алоҳидагӣ оид ба вазъи корҳо бо захираҳои кадрҳо;
Баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти донишкада.
Ба кори Шурои раёсат ректори донишкада роҳбарӣ намуда, кори онро тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Шурои олимони донишкада, ташкил мекунад. Ҳама масъалаҳои таълимӣ, табобатию тарбиявӣ, корҳои илмӣ ва дигар масъалаҳои ҷории фаъолияти донишкадаро Шурои раёсат метавонад ба тарзи маслиҳат баррасӣ намуда, қарори маъмурӣ қабул намояд.
Дар ҷаласаҳои Шурои раёсат метавонанд, дигар кормандони донишкада, мувофиқи масъалаҳои баррасишаванда даъват карда шаванд.
Дар ҳолатҳои зарурӣ Шурои раёсати донишкада метавонад қисмате аз қарорҳои қабулшудаи Шурои раёсатро барои баррасӣ ба ҷаласаи Шурои олимони донишкада пешниҳод намояд ва баъди ба мувофиқа омадани онҳо, қарорҳои қабулшуда аз тарафи раиси Шурои раёсат (ректори донишкада) ба имзо расонида мешаванд.
Қарори ҷаласаи раёсати донишкада ба тарзи суратҷаласа тартиб дода шуда, онро раис ва котиби Шурои раёсат ба имзо мерасонанд.
Ба ѓайр аз қарорҳои ректорат, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шурои олимони донишкада ирсол шуда буданд, боқимонда қарорҳои қабулкардаи ҷаласаи Шурои раёсат баъди аз тарафи ректори донишкада ба имзо расидани онҳо, эътибор пайдо мекунанд.
Раиси Шурои раёсат назорати мунтазамро аз рўйи рафти иҷрои қарорҳои қабулшуда, ташкил мекунад.