Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ҳайати олимону омӯзгорони донишкада дастаҷамъона тамошо намуда, онро ҳамчун санади муҳими ояндасоз ва роҳнамои фаолияти минбаъдаи худ арзёбӣ намудаанд.
Дар қисмати аввали Паёми худ муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бо дастовардҳои назаррас ва руйдодҳои муҳим ҳамчун соли бобарор ва таърихӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, баҳри амалисозии барномаҳои мушаххаси ояндаи наздик масъулони соҳаҳои мухталиф вазифадор карда шуданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи диёри азизамон саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ин навбат низ чун дигар паёмҳои роҳнамунсози худ, рушди илму маориф ва камолоти насли наврасро дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамагон қарор доданд.
Масъалаи омӯзиш ва таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонони кишвар пайваста зери назари Пешвои миллат қарор дошта, таъкид намуданд, ки падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд ба ин масъалаи ҳаётан муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд, зеро «Ояндаи миллату давлат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таасубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Зеро воқеан ҳам, дониш дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва инкишофу такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар соҳаи маориф ва тандурустӣ яке аз соҳаҳои калидиву афзалиятнок, рукнҳои муҳими давлатдориву манбаи асосии ташаккули зеҳнии захираҳои инсонӣ, саломатӣ ва мояи пешрафту муваффақият ва ояндаи дурахшони мамлакат ба ҳисоб меравад. Айни ҳол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябри соли 2020 (№526) Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ ва татбиқ гардида истодааст.
Рушду такомули соҳаҳои мазкур ва дастовардҳои онҳо ба сатҳи мублағгузории онҳо вобастагии рӯйи рост доранд. Бо ин назардошт, зимни ироаи Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ҳукумати кишвар маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоиз хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ӯм 25,4 фоиз ва нисбат ба 10 соли кабл, яъне соли 2015-ӯм панҷуним баробар зиёд мебошад».
Маҳз чунин иқдомҳои наҷиби Сардори давлат боиси он мегардад, ки дар кишвар муассисаҳои нави ба шароити муосир ҷавобгӯ ба истифода дода шуда, кормандони соҳаи маориф ва илм аз онҳо баҳраманд гардида дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои пешвои миллат бо дасту дили гарму нияти пок ҷиҳати амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Сардори давлатамон қадамҳои устувор мегузоранд.
Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои фосилавии иҷрои Стратагияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ гардидаанд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 барорбар зиёд гардида, иқтидори миллии кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфта истодааст.
Ҳануз аз соли 1997 тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (15 майи соли 1997, №419) ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02 соли 2004 №13 «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъии ҷумҳурӣ ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ дода шуда буд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 75 гимназия, 75 литсей, 9 мактаби Президентӣ, 6 литсей барои хонандагони болаёқат, 63 муассисаи таълимии хусусӣ ва як Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» фаъолият доранд.
Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст, ки дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд ҷиҳати осон гардидани дасгирии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобат, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешанд. Бо мақсади таъмин намудани самаранокии истифодаи маблағҳо ва мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала яъне гузариш ба низоми маблағгузории сарикасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод намояд.
Пешвои миллат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 - 2030 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд, ки дар ин ҷода кормандони донишкада, ҷиҳати ҳамкорӣ тайёр будани худро эълон медорад.
Аз ҷониби кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдакона, анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ як Шаҳодатномаи нахустпатент барои ихтирои «Тарзи гузаронидани уретеросистоанастомоз», ва аз ҷониби кормандони кафедраи технологияи фарматсевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хизмати фарматсевтӣ ва иттилоотӣ фармасевтӣ як Шаҳодатномаи нахустпатент барои ихтирои балзами «Фитогепатон», ки дорои таъсири гипохолестеринӣ, гиполипедимикӣ ва гепатомуҳофизатӣ дорад, ба даст овардаанд 10 октябр ва 21 майи соли 2025 дар Феҳристи давлатии ихтироъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № TJ 1641 ва № TJ 1602 ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ ба ҶДММ «МЛМ-ФАРМ» истеҳсоли қиёми Псорален, маҳлули «Йодак+бобуна+озаргиёҳ, маҳлули «Йодак+руҳ+хуч», шампуни «Идеал», малҳами «Сита», дар ҳамкори бо ҶДММ «Назар-Фарм» истеҳсоли малҳами «Хитинидазол» ва дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Рустани ИНО» истеҳсоли малҳами «Макрогумин» ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ифодагари равшани сиёсатӣ давлатсозии Пешвои муаззами миллат мебошад, ки бар пояи суботу амният, рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва маърифатгустарӣ бунёд ёфтааст. Ин як дастури роҳнамо барои самтҳои амиқи ҳаракат ба сӯйи ояндаи устувору пешрафта ва огоҳу илммеҳварро барои мо муқаррар менамояд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор А.Ахмедов