МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ТИББӢ - ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНИДОНИШГОҲӢ


Санаи 20 декабри соли 2025 чор нафар донишҷӯёни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” дар Олимпиадаи фанни забони русӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Олимпиада дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин озмун Азимова Фируза Фирӯзҷоновна — донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ, Хоҷиев Сарабек Зоидҷонович, Курбонова Латифа Арсеновна ва Курбонова Ширинмоҳ Арсеновна — донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ фаъолона иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ, Хоҷиев Сарабек Зоидҷонович сазовори ҷойи якум, Азимова Фируза Фирӯзҷоновна ва Курбонова Латифа Арсеновна сазовори ҷойи дуюм ва Курбонова Ширинмоҳ Арсеновна сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ин дастоварди назаррас шаҳодати сатҳи баланди омодагии илмӣ ва қобилияти донишҷӯёни донишкада буда, боиси ифтихор аст.

Назад к списку