ДАСТАИ ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МИКРОМИР» ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС БА ДАСТ ОВАРД


Бо мақсади иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии байни донишгоҳҳо дар раванди фанни гистология “Микромир” фармоиши ректори МТҒ ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Ибодзода З.Ҳ. панҷ донишҷӯи муассиса аз давраи 26.11.с.2025 то 29.11.2025 сол барои иштирок дар Олимпиадаи мазкур ба Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатӣ “Донишгоҳи давлатии тиббии Бошкирдистон” шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Башкирдистон, Федератсияи Русия сафарбар карда шуданд. Роҳбаланди гурӯҳ, мудири кафедраи “Гистология”-и донишкада, н.и.т., дотсент Соҳибова Зуфнуна Назировна буданд.
Дар Олимпиадаи мазкур аз 4 давлат намояндагони 4 Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 7 команда иштирок доштанд. Олимпиада аз панҷ мусобиқа иборат буд. Дастаи «Бофтаи ҳаёт» модели 3D-и ҷигарро пешниҳод кард, ки сохтори микроскопии ҳиссачаи ҷигарро нишон медиҳад. Ин модел дар як вақт ду мавзӯъро инъикос мекард: системаи ҳозима ва системаи дилу рагҳо. Ҳакамон ҶОИ ЯКУМРО ба дастаи «Бофтаи ҳаёт»-и кафедраи “Гистология”-и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ– иҷтимоии Тоҷикистон” мукофотонида, сазовори “ДИПЛОМ” сарфароз гардиданд.
Аз руи чамъбасти хамаи панҷ мусобиқа командаи Донишкада ҶОИ СЕЮМро ишғол намуда, сазовори “ДИПЛОМ” сарфароз гардиданд.
Ба ҳама иштирокчиёни Олимпиада бо “СЕРТИФИКАТ” гардонида шуданд.
Роҳбаланди гурӯҳ н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Гистология” Соҳибова З.Н. барои иштироки фаъолона дар баргузории Олимпиадаи байналмилали байни донишгоҳҳо бо «СИПОСНОМА» ва “ҶОМ” (Кубок) сарфароз гардонида шуд.
27 ноябри соли 2025 ҷаласаи Ҷамъияти илмии донишҷӯён бо иштироки ҳайати донишҷӯёни донишгоҳ ва донишгоҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Намояндагони хамаи хафт команда маъруза ва баромадхои худро пешниход кардаанд. Абдуқодиров Ҷавоҳир Ҷаҳонгирович – донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 21 факултети “Стоматологӣ” бо маърузаи “Histological development of teeth during embryogenesis in normal and pathological conditions” (Инкишофи гистологии дандонҳо дар ҷанин дар меъёр ва патология), роҳбари илмӣ – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Гистология” Соҳибова З.Н. ба забони англисӣ баромад кард.
Ба н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Гистология” роҳбаланд Соҳибова З.Н. дар доираи барномаи ҳаракати академӣ барои донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ 18 соат машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Иштирокчиёни Олимпиада дар Кампуси Авруосиё маркази байнидонишгоҳии донишҷӯёнӣ маркази илмӣ-таълимии рушди илм, маорифи байнифанхо ва истехсолии эчодӣ дар Бошкирдистон экскурсия ташкил кардаанд. Кампус ба рушди инноватсионӣ ва иқтисодии минтақа такони иловагӣ фароҳам оварда, ба як такони таҳқиқот табдил меёбад ва ба маркази ҳаёти шаҳрӣ - ҷалби нав барои донишҷӯён ва сокинони шаҳр хоҳад гашт. Он дар доираи лоиҳаи миллии «Илм ва донишгоҳҳо» таъсис дода шудааст.
Экскурсия ба Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ, ки яке аз қисмҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Бошкирдистон дар Уфа буда, ташкил карда шуд. Он дар сохтори худ якчанд лабораторияҳоро дар бар мегирад, ки ба таҳқиқоти пешрафта ба монанди биопринтинг, эҷоди биоматериалҳо ва тибби фардӣ машғуланд.
Ҳайати иштирокчиёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистонро дар шаҳри Уфа бо самимият ва эҳтироми баланд қабул намуданд. Ташкилкунандагони олимпиадаи мазкур шароити заруриро барои иштирокчиёни Олимпиада муҳайё намуданд. Муҳити дустона, ҳамкории байни донишҷӯёни кишварҳои гуногун ва муносибати гарму меҳмоннавозонаи ҷониби мизбон фазои мусоиди омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаро ба вуҷуд овард.

Назад к списку