НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ МТҒ “ДОНИШКАДАИ ТИББӢ - ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН”


Санаи 9-уми феврали соли 2026 дар толори Шурои олимони МТҒ “ Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” бо иштироки аҳли раёсат ва зиёда аз 60 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нишасти матбуотиро ректори Донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ – Ибодзода З.Ҳ., ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро, ки дар пешрафти ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи он нақши муассир доранд , изҳори сипос намуд. Сипас доир ба фаъолияти Донишкада дар соли 2025 ва вазифагузорӣ барои соли 2026 маълумоти мухтасар ба ҳозирин пешниҳод намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада давраи ҳисоботиро бо натиҷаҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷамъбаст намуданд.
Дар идомаи суханронӣ ректори донишкада доир ба самти таълиму тарбия, фаъолияти илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот, ихтироъкорӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва ободонию сабзкорӣ ҳарф зада, натиҷаҳои бадастовардаро хуб арзёбӣ намуда, изҳор дошт, минбаъд низ имкониятҳо барои таъмини пешравӣ зиёданд.
Дар хотимаи нишасти матбуотӣ ректори Донишкада ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштирок дар баргузории суҳбати озоду самимӣ, ки ба пешрафт ва рушди минбаъдаи Донишкада ва илми ватанӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, изҳори сипос намуд.

Назад к списку