АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН!


Имрӯз дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии тарбиявию ҳарбӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” н.и.и. Ибодзода З.Ҳ., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — Ҳабибзода З.И., меҳмонони фахрӣ аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — капитани гвардия Мирзозода Ш., бо зиёда аз 20 - сарбози гвардия, инчунин собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинии имрӯзаро сараввал ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, н.и.и. Ибодзода З.Ҳ., ифтитоҳ намуда, меҳмононро хушомадед гуфтанд ва иброз доштанд, ки нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлолу суботи кишвар бисёр муҳим мебошад. Ҳамзамон ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Баъдан Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — Ҳабибзода З.И., баромад намуда, иштирокчиёнро ба Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.
Сипас, декани факултети “Тиббӣ” н.и.ф. дотсент Ризоева Г.И., баромад намуда ва қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳарии Тоҷикистон ҳам қарз асту ҳам фарз мебошад.
Ҳамзамон, собиқадорони хизмати ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — полковник Эмомзода Э.Н., подполковник Наимов З.Ҷ., майор Раҳматуллоев А.А., ва подполковник Табарзода Ш., — дар мавзӯъҳои “Таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан” ва дигар масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 20 - сарбоз машқҳои ҳарбии намунавиро ба ҳозирин намоиш дода, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати касбии худро муаррифӣ карданд, ки боиси рӯҳбаландии иштирокчиён гардид.
Дар анҷоми қисмати сиёсӣ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии “ШИФОБАХШ”-и Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардида, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд.

Назад к списку