Ширкати донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар даври ноҳиявии озмуни «Шоҳномахонӣ»


Ширкати донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар даври ноҳиявии озмуни «Шоҳномахонӣ», ки имрӯз 21.04.2026 баргузор гардид, бо иштироки фаъолона ва шоистаи таҳсин сурат гирифт.

Донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бо донишу маҳорати баланд, ҳифзи матни асари безаволи Шоҳнома ва тарзи ифодаи бадеии худ баромад намуда, сатҳи баланди омодагӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангии миллӣ нишон доданд. Иштироки онҳо дар озмун ҳамчун намунаи равшани арҷгузорӣ ба арзишҳои адабӣ ва таърихии миллат арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки чунин озмунҳо барои бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва густариши ҷаҳонбинии фарҳангии ҷавонон нақши муҳим доранд. Донишҷӯён бо руҳияи баланд ва масъулияти ҷиддӣ дар озмун иштирок намуда, обрӯю нуфузи муассисаро дар сатҳи ноҳиявӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
Ин гуна ташаббусҳо ба рушди маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи осори классикӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ месозанд.

Назад к списку