ҲХДТ-МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН


13 апрели соли ҷорӣ дар толори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” соати сиёсӣ таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Дар баргузории соати сиёсӣ Шоҳиён Абдураҳим- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ибодзода Зарина - ректори МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" ва Ҳабибзода Зоҳир- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Нахуст, Ҳабибзода Зоҳир- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино меҳмононро муарифӣ намуд.
Дар идома Шоҳиён Абдураҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, вобаста ба таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барнома ва Оинномаи ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби умумимиллӣ аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт.
Аз таъсисёбии сулҳи пойдор то расидан ба рушди устувори кишвар марҳилаест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ онро тай намуда, минбаъд низ дар ташаккул ва рушди босуботи ҷомеа бо анҷоми рисолати ватандӯстона ва корҳои созандагию бунёдкорона қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат тарбия намудани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, заҳматдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро талқин менамояд.
Ичунин, таъкид гардид, ки ҳамаи мо – ҳамсафонро месазад тамоми неру ва тавоноии худро ба пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон, татбиқи барномаи ҳизб, ки аз иродаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, равона намоем.
Дар интиҳо ба донишҷӯёне, ки қаблан ҷиҳати пайвастан ба сафи ҲХДТ аризаҳои хешро пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд

Назад к списку