Имрӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани ҷавонон, бахусус донишҷӯдухтарон ба фарҳанги миллӣ ва ба бар намудани либоси тоҷикона, яке аз нишонаҳои муҳими эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ
Либоси миллӣ на танҳо як ҷузъи зоҳирӣ, балки ифодагари таърих, тамаддун ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он дар худ расму оин, анъанаҳои қадима ва зебоипарастии ниёгони моро таҷассум намуда, имрӯз низ ҷойгоҳи хоси худро нигоҳ доштааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва тарғиби чунин арзишҳо, аз ҷумла тавассути муҳити таълимӣ, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро маҳз ҷавонон идомадиҳандаи ин анъанаҳои неку пурғановат мебошанд.
Иштироки фаъолонаи донишҷӯён бо либоси миллӣ дар чорабиниҳо ва рӯзгори донишкада, на танҳо нишонаи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, балки омили муҳими таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ низ мебошад.
Бо чунин рӯҳия, мо метавонем анъанаҳои миллиро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда бо як сифати баланд ва мазмуни амиқ интиқол диҳем.