Санаи 06.05.2022 дар толори фарҳангии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бо иштироки муассиси донишкада, д.и.т профессор Ибодов Ҳ., ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯёни донишкада ҷамъомади бошукӯҳу фараҳбахш баргузор гардид.
Ҳадаф аз ин ҷамъомад баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёне буд, ки дар озмуну Олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Дар ин ҷамъомад ба донишҷӯи курси дуюми факултети “Тиббӣ” Салоҳиддинзода Фараҳноз, ки дар Олимпиадаи байналмиллалӣ аз рӯйи наминатсияи “Тиббӣ-биологӣ” ҷойи сеюмро ишғол намуд, мукофоту туҳфаҳои арзанда супорида шуда, илова бар ин муассиси донишкада, профессор Ибодов Ҳ. маблағи шартномаи таҳсили ӯро аз соли таҳсили 2021-2022 сар карда, то хатми донишкадаи мазкур ба андозаи 30% кам намуд.
Бо ин васила, ҳам донишҷӯёну ва ҳам устодонро барои омӯхтану омӯзондан тарғибу ташвиқ карда, ваъда карданд, ки минбаъд ҳар, ғолибони Олимпиадаву озмунҳо ва устодони роҳнамои онҳо низ қадрдонӣ хоҳанд гардид.