Дар толори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” даври ноҳиявии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар донишҷӯёни донишкада бо маҳсули эҷодӣ аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи номинатсияҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона”, “Либосҳои расмӣ” ва “Либоси қадимаи чакан” иштироки фаъолона намуданд.
Қобили зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор мегардад.
Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Сад ранги чакан» мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Сино - Ҳасанзода Шаҳло, мудири бахши фарҳанги МИҲД ноҳияи Сино - Султонова Тахмина, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Сино – Гулчеҳра Раҳмон, Роҳбарияти донишкада, кормандон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.