Санаи 12 майи соли 2022 дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” рӯзи оила бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии мазкур, Каримова Ашурбӣ – муовини раиси ноҳияи Сино, Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ - мудири бахши сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар н. Синои шаҳри Душанбе, Ҳасанзода Шаҳло - мудири шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н. Синои шаҳри Душанбе, Султонова Тахмина – мудири бахши фарҳанги МИҲД н. Синои шаҳри Душанбе ва роҳбарону намояндагони коллеҷу донишгоҳҳои дар ноҳияи Сино қарордошта иштирок намуданд..
Аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино ба якчанд оилаҳои намунавӣ ва кӯдакони камбизоати ноҳия туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Чорабиниро барономаи консертии аз ҷониби донишҷӯёни боистеъдоди донишкада фазои идона бахшид. Инчунин аз тарафи гулдухтарони донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон намоиши либосҳои миллии чакану атласу адрас ва либосҳои рӯзмарра бо ҳисси баланди миллию ватандӯстӣ манзури меҳмонон гардонида шуд. Каримова Ашурбӣ – муовини раиси ноҳияи Сино аз номи Раиси ноҳия Салимзода Н.Ф. ба ректори муассисаи таълимӣ, н.и.и. Ибодзода З.Ҳ. ифтихорнома ва ба муовини ректор оид ба тарбия, н.и.ф. Мирова Ш.М. туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.