Санаи 27 июли соли 2022 дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бо иштироки раёсат, роҳбарони сохторҳои донишкада ва рӯзноманигорону хабарнигорони нашрияҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, радио ва телевизион, нишасти хабарӣ доир гардид.
Нахуст ректори донишкада, н.и.и. Ибодзода З.Ҳ дар бораи фаъолияти дусолаи донишкада ва дастоварду пешрафтҳои муассиса дар давоми фаъолияти начандон тӯлонӣ бо овардани омори дақиқ мухтасар суханронӣ кард.
Ректори донишкада афзуд, ки гарчанде донишкада ҳамагӣ 2 сол фаъолият дошта бошад ҳам, дар самти ҳамкории дохилӣ ва хориҷӣ бо як қатор муваффақиятҳо ноил гардидааст, аз ҷумла, донишкада бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Академияи тиббии техникии Россия ва Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишгоҳи тиббии Украина” дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар самтҳои соҳаи тиб ҳамкори судмандро ба роҳ мондааст.
Хабарнигорон оид ба мавзуҳои марбути соҳа, аз ҷониби роҳбарияти донишкада посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.