Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ чорабинии идонаи бошукуҳ зери унвони “30 - соли ҳамбастагӣ бо Пешвои муаззами миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишкада, Ибодзода Заррина, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода,, мудири бахши кор бо ҷавонони раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Маҳкам Гулзод, намояндаи Прокуратураи шаҳри Душанбе Гулбаҳор Камолзода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино ва олимону муҳаққиқон ширкат ва суханронӣ карданд.
Масъулин дар бораи корномаи ибратомӯз ва ибтикороти беназари Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, чунин изҳор дошт: “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди қаҳрамони миллат, ҷавонмарди ҷасуру донишманд ва худшиносу меҳандӯсти тоҷик Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат оварда, он миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ нигаҳ дошт.”
Иштирокчиёни чорабинии идона дар бораи солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, Иҷлосияи тақдирсоз, Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, нақши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва рушду муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маъруза намуданд.
Дар суханронии хеш олимону муҳаққиқон атрофи нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақдирсоз будани Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои давлатсозиву давлатдории миллӣ, тарбияи ҳуқуқиву маънавӣ ва манфиатҳои ҷавонон, зиракии сиёсӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб ва дигар мавзӯҳои рӯзмарра андешаронӣ намуданд.
Баъдан, аз ҷониби донишҷӯёни Донишкада чорабинии хотирмони фарҳангӣ, ва шеъру таронаи ватандӯстона пешниҳоди ҳозирин гардид.
Маврид ба зикр аст, ки чунин Ҳамоиш аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои оливу касбии таълимӣ бо инобати намоиши асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарогирии чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ба ифтихори 30 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми донишгоҳҳу донишкада, коллеҷу литсейҳои касбӣба роҳ монда шуданд