Чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқлолият – рамзи озодию ягонагии миллат аст”


Имрӯз дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқлолият – рамзи озодию ягонагии миллат аст” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, ҷамъомади имрӯзаро муассиси МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” д.и.т. профессор Ибодов Ҳабибулло ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ аз аҳамияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 32 соли истиқлолият, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, таҳкими давлату давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа андешаронӣ намуданд. Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор А.Ахмедов чунин суханронӣ намуданд: истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба миллати мо тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Он чун нуре роҳи ояндаи моро зиё бахшида, баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои неку созанда неруи тоза бахшид. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад”. Воқеан, истиқлолият барои мо бузургтарин ва муқаддастарин неъмат мебошад. Дар заминаи истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар кишвар рушд карда, зиндагии аҳолӣ ба таври чашмрас хуб гардид.

Баъди қисми сиёсии чорабинӣ Роҳбарият ба омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардидаанд, инчунин кормандоне, ки дар чорабиниҳои сиёсӣ ва маърифатӣ худро аз тарафи мусби нишон медиҳанд бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Сипас чорабинии фарҳангии дастаи “Шифокор”-и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” оғоз гардида бо сурудҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ хотири ҳамаи иштирокчиёнро шод гардониданд.


Назад к списку