БАРГУЗОРИИ ДАВИ ДӮСТӢ ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 10.09.2023. Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2023, №477 ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва таъмини тарзи ҳаёти солим дар доираи сафари кории сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва машварати панҷуми фонди дастгирии наҷоти Арал, имрӯз дар шаҳри Душанбе “Дави дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан, мувоини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод ва дигар ҳайати роҳбарияту кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он инчунин устодону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, аз он ҷумла омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии “Дави дӯстӣ” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ҳозиринро ба таҷлили ҷашни бошукуҳи миллат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Мусобиқа бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар масофаи 4 км.- аз назди дарвозаи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе то гардиши товус тавассути шоҳроҳи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ иштирокдорон байни ҳам рақобат намуда, дар фарҷом ба 100 нафари аввал, ки пеш аз ҳама ба хати мара расиданд аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ба омӯзгори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Нодиров Ардамеҳр ва донишҷӯ Сатторов Аминҷон, ки марраро фатҳ намуданд аз ҷониби Кумитаи тадорукот сипосномаҳо тақдим гардид.