Нишасти матбуотӣ оид ба “Фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар соли 2024


    Санаи  08.08.2024 дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” нишасти матбуотӣ оид ба “Фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар соли 2024 ва  вазифаҳо барои шашмоҳаи 2-юми соли 2024” баргузор гардид, ки дар он намояндагони 5 шабакаҳои телевизион, 28 намояндагони  шабакаҳои радио ва 37 маҷалаҳои нашриявии давлатӣ ва хусусӣ дар маҷмуъ 70 нафар намояндагони Васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

     Баъди баррасӣ “Фаъолияти шашмоҳаи  Муассисаи таълимии ғайридавлатии ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар соли 2024 ва  вазифаҳо барои шашмоҳаи 2-юми соли 2024”, аз љониби ректори донишкада, байни намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарият ва сохторҳои донишкада саволу љавоб дар самти: масъалаи қабул дар донишкада, таъминоти донишкада бо омўзгорони дорои дараља ва унвони илмӣ, теъдоди олимони ҷавон  дар соли 2024 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сатҳу сифати омода намудани кормандони иҷтимоӣ дар донишкада, шинохти донишкада дар сатҳи байналмилалӣ, оид ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ихтисосҳои донишкада, муваффақиятҳои донишҷӯён дар озмунҳои дохилӣ ва сатҳи байналмилалӣ, фарқияти маблағҳои омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони англисӣ  дарс медиҳанд нисбат ба омӯзгорони бо забони давлатӣ дарсдиҳанда, қадрдонии раёсати донишкада бо донишҷӯёни фаъол ва ғолибони озмунҳо, имтиёзҳои донишҷӯёни аз оилаҳои камбизоат таҳсилкунанда ва ятимони кул,  нуфузи ҳайати олимони донишкада дар сатҳи байналмилалӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишкада дар дохил ва хориҷи кишвар,  дар донишкада бо чанд забон таълим ба роҳ монда шудааст, таъминоти раванди таълим бо технологияи муосир, теъдоди гурӯҳҳои таълимашон бо забони англисӣ (шаҳрвандони хориҷӣ) таҳсилкунанда, оид ба фаъолияти Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди донишкада, кадом намуди бемориҳо айни ҳол дар Маркази мазкур ба табобат фаро гирифта шудаанд, мақсади таъсис ва фаъолияти Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, роҳҳои ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил, масъалаи интиқол аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, зарурияти омода намудани психологҳои тиббӣ ва кормондони иҷтимоӣ вобаста ба талаботи замони муосир, омода намудани мутахассисони таъмиргари воситаҳои техникии тиббӣ, самти корҳои тарбиявӣ дар донишкада, оид ба ихтирокории донишҷӯён ва омӯзгорон, Патенти ватанӣ ва ё хориҷӣ дорад ё не, сифати таҳсилот ва дараљаи донишандўзии донишљўён, инчунин, саволу ҷавоб ба дигар самтҳои донишкада баргузор гардид, ки роҳбарияти донишкада ва сохторҳои он ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма чавобҳои қонеъкунанда гардониданд.


Назад к списку