Санаи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ» бо иштироки Норасов А.-мудири шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шоҳиён А. М.-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода З.И.-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Норасов А.- мудири шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба аҳамияти рушди соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва саҳми шаҳрвандон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ баромад намуда, ҳозиринро ба ҳамрайъиву якдилӣ ва иттиҳод дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.
Дар идома, Шоҳиён А. М.-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, зикр кард, ки Паём ҳамасола ҳамчун дастури роҳнамо баҳри рушди имрӯзу ояндаи мамлакатро ироа гардида, роҳи тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаро бо пешниҳоди дастуру супоришҳои судманд ва ҳадафгузориҳои мушаххас муайян месозад.
Дар фарҷом ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ» ба меҳмонон ҷиҳати баргузории вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо ваҳдату ягонагӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ҷиҳати тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.