Санаи 6 - уми сентябри соли 2024, дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ кафили рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати васеи омӯзгорону донишҷӯён мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия, доктори фалсафа(PhD)аз рӯи ихтисоси филология Убайдуллоева М.А. зимни баромади хеш дар бораи саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субот ва пойдории Истиқлоли давлатӣ сухан карда, баргузории ҳамоиши идонаро муҳиму саривақтӣ номид.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор Ахмедов А.А. дар мавзӯи “Рушди илми тиб ва соҳаи тандурустӣ дар давраи истиқлолият” маъруза карда, дар бораи ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими истиқлолият ва рушди илми тибро дар давраи истиқлолият ба ҳамагон маълумотҳои ҷадид ва сирф илмиро ибрози назар намуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҳамоиш мудири кафедраи“Химияи биологӣ” Шамсиддинов А.А. дар мавзӯи “Истиқлолият рамзи сулҳу Ваҳдат”, Омӯзгори кафедраи “Забонҳо” Ғаниева М. дар мавзӯи “Аҳаммияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир”, омӯзгори кафедраи ”Психологияи тиббӣ” Одиназода Л. дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он”, омӯзгори кафедраи “Микробиология” Туразода П.М. дар мавзӯи “Фаъолияти тарбиявӣ бо донишҷӯён ва кормандони ҷавон бо назардошти самтҳои мубрами Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, омӯзгори кафедраи “Физикаи тиббӣ” Файзиева М. дар мавзӯи мавзӯи “Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар ҷаҳони муосир” инчунин омӯзгори кафедраи “фанҳои ҷомеашиносӣ” Ҳ. Раҳмоналиева дар мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи маориф дар замони Истиқлолият фишурдаҳои хешро баён намуданд.
Дар қисмати поёни ҳамоиш байни иштирокдорон музокира ва баҳси илмӣ сурат гирифт.