ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА


Имрӯз, 7-уми сентябри соли 2024 дар Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон бо супориши Ректори донишкада, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атроф ва сазовор истиқбол намудани 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Дар шанбегӣ роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, ҳудуди муассиса ва кӯчаву роҳравҳои пиёдагарди ҳамшафати онро тозаву озода намуданд.
Ободу зебо ва пайваста тозаву озода нигоҳ доштани муассиса аз зумраи иқдомҳои наҷибе мебошанд, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи роҳбарияти донишкада пайваста роҳандозӣ мешаванд. Ин гуна иқдомҳо дар оянда низ дар радифи дигар иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти донишкада идома ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои донишҷӯён ва муҳити хуби корӣ барои устодону кормандон мусоидат хоҳанд кард.

Назад к списку