БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШКАДАИ ТИББӢ - ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ


Имрӯз, санаи 14-уми сентябри соли равон дар робита ба иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар Боғи Парчами давлатӣ дастаҳои ҳунарии “Шифобахш”-и Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангиро манзури тамошобинон намуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ ҳайати роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.
Донишҷӯёни соҳибистеъдод бо барномаҳои рангини худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардидааст, ки баҳри фароғати сокинони пойтахт ва меҳмонон судманд мебошад.

Назад к списку