Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”


Дар конфренсияи мазкур ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” н.и.и. - Ибодзода Заррина Ҳабибулло, сардори шуъбаи иттилоотии ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бобоев Фируз Абдунасимович, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Саидова Умеда Бекназаровна, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор - Аламхон Ахмедов, муовини ректор оид ба тарбия доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси филология – Убайдуллоева М.А., декани факултети “Психологияи тиббӣ” ва “Тиббӣ иҷтимоӣ” – Ҳайдарзода Б.М., мудири сифати таҳсилоти МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, н.и.п. Наимов Зариф ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Пас, аз садо додани Суруди миллӣ ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” н.и.и. - Ибодзода Заррина Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, кулли ҳозиринро ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрику шодбош гуфта, ба аҳли нишаст бахту саодат, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар орзу намуданд.
Сипас, сардори шуъбаи иттилоотии ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бобоев Фируз Абдунасимович баромад намуда қайд карданд, ки дар ҳама давру замон рушди ҷомеа аз риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар вобаста мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд.
Дар навбати дигар муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Саидова Умеда Бекназаровна,баромад намуда иброз намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини кишваре маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст. Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
Ҳамзамон муовини муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор - Аламхон Ахмедов, декани факултети “Психологияи тиббӣ” ва “Тиббӣ иҷтимоӣ” – Ҳайдарзода Б.М., мудири сифати таҳсилоти МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Наимов Зариф баромад намуда, иброз доштанд, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Назад к списку